23 Sep 2022

Бозтоби осори Рӯдакӣ дар фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ

Submitted by Admin
299

Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрӯз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рӯйи онҳо омӯхта мешавад.

TJ
21 Sep 2022

УСТОД РӮДАКӢ ДАР ТАСВИРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Submitted by Admin
333
Улуғзода аз он адибонест, ки дар ташаккули жанри таърихии насри адабии тоҷик ва таърихияти афкори адабии мо саҳми муҳимме гирифтаанд. Ба ин тариқ сурат гирифтани рушди адабии ӯ ба доираи таҳсил ва ҷустуҷӯҳои вай иртиботи бевосита дорад, яъне он иттилооте, ки охири солҳои 20, ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар Тошканд дар дарсҳои адабиёту таърих аз устодон, бахусус проф. М.С. Андреев, гирифта буд.
TJ
09 Sep 2022

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
288

Забони ҳар қавму миллат на танҳо ойинаи таҷаллии рӯзгору афкор, балки шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сарвату дороии мояи ифтихори ҳамон қавму миллат дар тамоми тули таърихи мавҷудияти он ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он бастагии ногусастанӣ дорад.

TJ
23 Aug 2022

НОМАИ Е.Э. БЕРТЕЛС БА УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Submitted by Admin
340

Дар ин рӯзҳо рафиқ Зингер[2] дар шуъбаи ленингродии Нашриёти тоҷик шоҳкори нави шуморо ба ман нишон додааст, яъне «Луғати забони адабии тоҷик»-ро. Баъзе қисматҳои онро хонда баромадам ва гуфта метавонам, ки ғайр аз Шумо, ҳеҷ касе дигар аз уҳдаи чунин коре наметавонист барояд. Ин китоб як ганҷинаест аз ҷавоҳири гаронбаҳо моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд.

TJ

Pages