03 Oct 2022
Submitted by Admin
323
Забони тоҷикӣ дар тули мавҷудияти худ зери таъсири омилҳои фарозабонӣ қарор дошта, унсурҳои фарозабонӣ дар баробари омилҳои дохилизабонӣ ба таркиби вожагонӣ ва ҳатто ба бархе аз бахшҳои дастурии забон, вожагон, овошиносӣ, наҳв таъсири зиёде доштааст. Омилҳои фарозабонӣ омилҳои берунае мебошанд, ки зери таъсири шароитҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили таҷовуз ва ишғоли як кишвар аз тарафи кишвари дигар, муносибатҳои бозаргонӣ, динӣ ва ғайра сабаби таъсир ба як забон шуда, ба забон дигаргунӣ ворид намуда дар бархе ҳолатҳо ба дараҷае забонро фаро гирифта, боиси нобудии он мегардад. Дар давраи оғозини ташаккули забони тоҷикӣ таъсири омилҳои ғайризабонӣ ва фарозабонӣ ба инкишофи забон таъсиргузор гардид. Дар ин давра таъсири сиёсӣ, низомӣ ва забонӣ хеле афзоиш ёфт. Ворид шудани арабҳо, туркҳо ва муғулҳо бо анъанаву суннату забонҳои худ ба сохтори забони мо хеле асаргузор шуд.

Яке аз ин омилҳо таҳоҷуми халқҳои бегона ба кишварҳо ва ишғоли як сарзамин аз тарафи дигарон мебошад. Хуҷуми қабилаҳои гуногуни туркнажод ба сарзамини тоҷикон дар ҳазорсолаи охир то ба имрӯз идома дошта ба забони тоҷикӣ таъсири густурдае дошта ба вомгирии вожагон,таъсири мутақобилаи забонҳо дар бахшҳои мухталифи забонӣ оварда расонидааст. Тамоми пажуҳишгарон бар онанд, ки қабилаҳои туркнажоди Осиёи Миёна ва атрофи он баъд аз омадан ба ин сарзамин тамаддуну фарҳанг ва ҳатто забони халқҳои бумии ин минтақа, яъне забони тоҷикиро қабул карданд ва нақши фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва таъсири онҳо ба қабилаҳои туркнажод мисли таъсири тамаддуну фарҳанг ва забони аввал юнонӣ ва баъд лотинии Юнону Рум ба халқҳои Аврупои имрӯза аст. Ин ақида аз тарафи муҳаққиқони туркнажод низ тасдиқ шудааст ва дар адабиёти мо намунаҳои зиёде аз осори намояндагони қабилаҳои турк ба забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Ишора ба Алишери Навоӣ, Заҳириддини Бобур, Бадриддини Ҳилолӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Зебуннисо, Муқимӣ ва ғайра кофист, ки ба умқи ин масъала сарфаҳм равем.

Ягона забони расмии коргузорӣ, забони илму фарҳанги тамоми дарбориёни салтанатҳои турк дар асрҳои миёна дар Ҳинду Туркияву Эрону Хуросону Осиёи Миёна будани забони тоҷикӣ шоҳиди ин гуфтаҳост. Ин ҷараён танҳо баъд аз ба вуҷуд омадани хонигариҳои Осиёи Миёна рӯ ба кундӣ овард, вале ҳоло ҳам намунаи онро дар баъзе ҳолатҳо дидан мумкин аст. Дар Узбекистону Туркманистон ҳам ба гуфтаи сарчашмаҳои гуногун масъалаи сиёсиву этникии ду халқу як забон ва меросбари суғдиёну хоразмиён будани миллатҳои туркзабони узбеку туркман ба миён гузошта шудааст. Қазоқистон тамаддуни биринҷии даштҳои Қазоқистонро, ки аз қабилаҳои гуногуни сакоии ориёнажоди мо намояндагӣ мекунад, ҷузъи тамаддуну фарҳанги мардуми худ медонад.

Аслан вақте сухан дар бораи робитаҳои турку тоҷик меравад, мо бояд туркҳоро аз туркҳои Туркияи ҳозира ташхис кунем ва онро аз рӯйи вуруди тадриҷии қабилаҳои турк ва ҳазмшавии минбаъдаи онҳо дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик муайян кунем. Ворид шудани ин қабилаҳо ба сарзамини Эрони таърихӣ чанд марҳиларо дар бар мегирад.

Марҳилаи аввал, тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ва достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебинем, ба асрҳои V-VI мелодӣ рост меояд. Дар ин давра онҳо дар минтақаҳои ҳозираи Сибири шарқӣ, Олтой ва Муғулистону Ёқутистон давлати бузурги ҳоқонигарии туркро ба вуҷуд оварда, минбаъд ба ду давлат ҷудо мешаванд ва иттиҳодияи туркони ғарбӣ бо Ҳайтолиён ҷангида, бо ҳамроҳии Сосониён сарзамини Осиёи Миёнаву Бохтарро ба ду қисм ҷудо мекунанд ва дарёи Ому марзи байни туркону Сосониён муайян мегардад. Баъдан, набардҳои хунине миёни Сосониёну туркон барои бархе аз минтақаҳои Бохтару Марв сурат мегирад, ки саранҷом бо пирӯзии Сосониён анҷом меёбанд. Дар ҳамин давра унсурҳои туркӣ (қабилаҳои алоҳидаи турк) дар минтақаи Тахористони таърихӣ (Ҳисору Тирмизу Хатлону Балх ва ғайра) пайдо мешавад. Достонҳои «Гурғулӣ» дар бобати қабилаҳои турки дурману ғайра ёде аз ҳамин ҳодисаҳои таърихист ва иштироки қабилаҳои турк дар ҷангҳои зидди арабҳо дар Тахористон ҳам аз ҳамин марҳилаи аввали воридшавии туркҳо ба ин минтақа гувоҳӣ медиҳад. Тавре аз бозёфтҳои таърихии солҳои охир маълум мешавад, ибораи «турку тоҷик» пеш аз истилои араб маҳз дар ҳамин давра ва дар Тахористони таърихӣ (махсусан сарзамини вилоятҳои Балху Самангон ва Қундузи Афғонистони кунунӣ) пайдо шудааст.

Пайдо шудани вожаи «турк» дар сарчашмаҳои забони бохтарии миёна дар садаҳои панҷу шаши мелодӣ шояд яке аз нахустин вомвожаҳои туркӣ дар ин забон бошад. Аз рӯйи чанд намунае,ки дар навиштаҳои забони бохтарӣ мушоҳида мекунем, аксаран вожаи турк бо вожаи тоҷик якҷо истифода шудааст. Масалан дар қисмати болоии сангнавиштаи Яковланг ин вожа дар ибораи подшоҳи турк омадааст: «Дар соли 392 (624 милодӣ) моҳи сабул буд, ки обод шуд бунёди ин ступа (маъбади буддоӣ) аз тарафи ман Алхис – писари Харос Хидеви Газон аз Роғи Замангон, вақте ки ман подшоҳи турк ва подшоҳи тозиг (тоҷик) шудам». (5, 117)

Дар навиштаҳои дигари ин забон низ вожаи турк ҳамроҳ бо вожаи тоҷик омадааст. Хамчунон рӯбӣ (яъне мардуми Руб дар шимоли Афғонистон) ҳамчунон бомиёнӣ, ҳамчунон турк, ҳамчунон тозиг, ҳамчунон мардуми бумӣ ва касони дигар. (Санади ВВ с. 131 сатри 25) Ё «Ҳеҷ кас набояд (чизеро) нигаҳ дошт ва ё мутолиба кард ва ё зӯрманд шуд ва ҳақ ҳам надорад, на рубӣ (яъне мардуми Руби имрӯз) ва на бомиёнӣ (мардуми Бомиён), на турк, на тозиг, на бумиён (мардуми бумӣ) ва на ҳеҷ каси дигаре…» (Санади ВВ, с. сатрҳои 20-21). Дар «Асноди бохтарӣ»-и Симс Вилямс, ки соли 2000 дар як ҷилд чоп шудааст, боз як матн пешниҳод мешавад, ки тарҷумаи он чунин аст: «Умед аст, ки мардуми Бомиён, турк, тоҷик ва маҳал… розӣ бошанд». Ин санад дар бораи фурӯши замин аст, ки соли 525 бохтарӣ баробар ба 758 милодӣ таҳия шудааст. Вожаҳои хотун-зан (Хотуни Бухоро), ҳоқон-подшоҳони турк дар давраи аввал (Ҳоқони Чин), қизил – сурх (Қизил Арслон) шояд аз ҳамин давра ба забонҳои эронӣ ворид шуда, баъдан ба забони тоҷикӣ гузаштааст.

Ин қабилаҳои турк баъдан забони худро ба забони тоҷикӣ иваз намуда, фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷикро қабул карда, тоҷик шуданд ва аз турк будани онҳо танҳо баъзан шаклу қиёфа ва анъанаву суннатҳои онҳо дарак медиҳад.

Марҳилаи дувуми вуруди қабилаҳои турк баъд аз инқироз ва аз байн рафтани давлати Сомониён бо ҳуҷуми Карахониён ё қарахитоиҳо оғоз шуда, бо истилои минтақаи Эронзамин то Осиёи Хурд аз тарафи оғузҳои салҷуқӣ анҷом меёбад. Дар ин давра барои бори аввал қабилаҳои туркӣ ба ин сарзамин ба таври оммавӣ ҳуҷум карда, дар баъзе минтақаҳо (Порту Даҳистон) ба таври муқимӣ сокин мешаванд, вале харитаи этникии Осиёи Миёнаро дигаргун карда натавониста, тавре минбаъд мебинем, суннату аъанаҳои давлатдорӣ, фарҳанги миллии моро то андозае қабул мекунанд, ки шоҳони салчуқии Осиёи Хурд номҳои шоҳони таърихиву асотирии Эронзаминро ба монанди Кайқубод, Кайхусрав қабул мекунанд ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ маҳз дар дарбори яке аз ин гуна шоҳони салҷуқӣ фаъолият карда будааст.

Марҳилаи сеюми ҳуҷуми қабилаҳои турк бо номи истилои муғул машҳур аст ва азбаски он дар таърихи мардуми тоҷик аз фоҷеабортарин ҳодисаҳост, дар ин бора муфассалтар таваҷҷуҳ менамоем.

Ҳар як халқу миллат дар таърихи худ давраҳои шукуфоиву боландагӣ ва фоҷиабору талх дорад. Халқи тоҷик баъд аз истилои араб ҳодисаҳои фоҷеабореро аз сар гузаронидааст, ки ҳуҷуми муғулҳо бо роҳбарии Чингизхон ва ба сарзамини тоҷикон сарозер шудани қабилаҳои узбек бо роҳбарии Шайбонихон намунаи ин гуна ҳодисаҳост.

Агар то истилои муғул воридшавии қабилаҳои турк ба ҷуғрофиёи сукунати халқҳои эронӣ ва махсусан тоҷикон таъсири воқеӣ ва назаррас нарасонда бошад, ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна ва Эрон на танҳо ба саросар нобудсозӣ ва қир кардани тоҷикон оварда расонд, балки ба дигаргуншавии вазъи ҷуғрофии сукунати тоҷикон дар сарзамини обоии онҳо ибтидо гузошт. То тохтутози муғулҳо ба Осиёи Миёна дар нақшаи миллии халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр мардуми тоҷик мавқеи асосиро ишғол намуда, дар тамоми ин сарзамин ба таври аксарият зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз тоҷикон дар ин давра қабилаҳои туркӣ низ, аз қабили қарлуқҳо (бозмондаи қарахониҳо), оғузҳо (туркманҳо) (натиҷаи сиёсати нодурусти Ғазнавиҳо ва ҳуҷуми Салҷуқиён), қипчоқҳо (дар дашти Қипчоқ, ки собиқ дашти Тӯрон ва собиқтар дашти Тоҷик ном дошт) ва ғайра (бештар дар қисмати шарқии Осиёи Марказӣ) сокин буданд, ки бештар фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷикро қабул намуда, баъзеи онҳо ҳатто забони худро фаромӯш карда, тоҷикзабон шуда буданд.

Ҳуҷуми муғулҳо ба сарзамини Хуросону Фарорӯд хеле фоҷиабор буд. Муғулҳо бо сардории Чингизхон шоҳони Хоразмро шоҳи тоҷик ва ин кишварро кишвари тоҷик меномиданд. Тавре ки устод Айнӣ бо нақл аз «Равзат-ус-сафо» менависад: «Чингизхон хавонин (хонҳо) ва умарову нуёниёнро ҷамъ карда гуфт, аз сари ҳазм азми разми вилояти Тоҷик кардӣ». (1, 70) Қабл аз он ки Чингизхон ба кишвари Тоҷикон ҳуҷум кунад, Чини шимолӣ, қабилаҳои турктабори ҳавзаи дарёи Иртиши ҳозира, атрофи Тибету Кошғару Хутанро (қирғизҳо, нойманҳо, уйғурҳо ва ғайра) ба худ тобеъ кард. Баъзе аз ин қавму халқиятҳои муғулнажод баъд аз истилои Осиёи Миёна ва Эрон дар минтақаҳои гуногуни он маскан гузиданд.

Бояд тазаккур дод, ки муносибати Чингизхон бо мардуми тоҷик хеле бадхасмона ва душманона будааст. Ин муносибати бадкинонаи ӯ дар «Яссаҳо»-и ӯ, ки мисли панду насиҳат ба меросхӯронаш ба ёдгор гузоштааст, бармало маълум мешавад. Ӯ мардуми тоҷикро душмани қаттоли худ ва ҳамхунонаш дониста, ба онҳо таъкидан тавсия менамояд, ки бо ин мардум рафтори бадхасмонаро раво бинанд. Ин суханони ӯ дар таърихномаҳо сабт шудааст. Аз насиҳати ӯ ба фарзандаш Тулихон, ки барои ғасби Хуросон фиристода шуда буд: «Ва зинҳор, ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хоса бар хуросониён, ки дар ақолими ҷаҳон ба далерӣ ва кин хостану шаб рафтану камин сохтан бар саф омадаанд» [1, 87]. Тулихон ҳам насиҳати падарро ба ҷо оварда, баъд аз фатҳи шаҳри Нишопур чунин корро анҷом дод. «Чун он шаҳр фатҳ шуд, аз бачаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонд». [1, 87]

Ҳамин гуна рафтор нисбат ба шаҳрҳои Марву Балх аз тарафи муғулон раво дида шуд ва то ба ҳол аз ин ду шаҳри таърихӣ ва гаҳвораҳои тамаддуни тоҷикон харобаҳову вайронаҳо боқӣ мондааст. Танҳо дар шаҳри Марв беш аз 700 ҳазор нафар ба қатл расид ва танҳо шумори куштаҳо 13 шабонарӯз идома ёфт, ҳол он ки Марв то ҳуҷуми муғул яке аз шаҳрҳои ободтарини ин сарзамин буд. Ёқути Ҳамавӣ дар ин бора навиштааст: «Марвро дар соли 616 (1218) тарк гуфтам. Дар ин мавқеъ дар он шаҳр даҳ хазона аз кутуби вақфӣ вуҷуд дошт, ки ман назири онҳоро на аз ҷиҳати касрати кутуб ва на аз лиҳози хубии нусах надидам… Дастрасӣ ба ин китобхонаҳо бениҳоят осон буд. Ва камтар иттифоқ меафтод, ки дар манзили ман дувист муҷаллад ё бештар аз онҳо бидуни ҳеҷ навъ гараве набошад, дар сурате, ки қимати ин муҷалладот бар 200 динор болиғ мешуд… агар ин шаҳр ба чанги тотор намеафтод ва рӯ ба вайронӣ намерафт, то дами марг онро тарк намегуфтам, чи мардуми он хушмуоширату меҳмоннавозанд ва шаҳр аз ҷиҳати касрати (зиёдии) кутуб матқани беҳамтост». (15, 122)

Баъд аз ҳамлаи муғул ва истилои ин минтақа аз тарафи муғулону туркҳо, азбаски мардуми маҳаллӣ, яъне бештар тоҷиконро дар шаҳру деҳот ба таври саросарӣ қиру нобуд карданд, шаҳру деҳот валангор ва боғу бӯстонҳо ба чарогоҳҳои қабилаҳои кӯчманчӣ табдил ёфтанд. То андозае, ки ин минтақа баъд аз 150 сол андаке ба худ омад ва шӯриши миллии тоҷикон бо номи Сарбадорон ва минбаъд ба вуҷуд омадани давлати Сарбадорон дар Сабзавор, давлати Куртҳо дар Ғуру Ҳирот ва оқибат ба сари кор омадани сулолаи Темуриён нишонаи ин гуна обод шудани ин минтақа баъд аз истилои муғул буд. Дар ин давра қабилаҳои турк оҳиста-оҳиста муқимӣ шуданд, забону адаби онҳо дар пайравӣ ва тақлид ба адабиёти тоҷик дар шакли аввалияву ибтидоӣ ба вуҷуд омад ва Алишер Навоӣ бо таъкиду машваратҳои Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди умумии адабиёти туркии чағатоиро гузошт ва жанри наве бо номи «ширу шакар», ки қаблан собиқаи арабиву тоҷикӣ дошт, дар адабиёти мо пайдо гардид.

Дар давраи Салчуқиён, Чингизиён ва Темуриён як миқдор луғат ва истилоҳоти муғулӣ ва туркӣ вориди забони мо гардид, ки бештар ба зиндагии хоси ин қабилаҳо марбут буданд. Баъзеи ин вожаҳо бо мурури замон аз байн рафта, чанде тағйири маъно доданд ва як миқдори онҳо дар забони тоҷикӣ ҳазм шуданд, аз қабили: калимаҳои туркиву муғулӣ: атобак, утоқ, бошӣ, бег, бегим, чоруқ, чахмоқ, хон, синчоқ, қаровул, чирик, оқо (писари калони подшоҳ), тамға (як навъи андоз), урду (лашкар), улус (қабила), улог (чорпое, ки маъмурони давлат аз мардум ҳангоми ҷанг мегирифтанд), ил (раият, мутеъ), элчӣ (сафир), иноқ (айноқ)- хоссагон, наздикон, ёгӣ (мухолиф), берлиғ (фармон), савғот, курилтой, нуён, ерғу, улоғ-аспу харе, ки муғулон аз аҳолӣ мегирифтанд, қурутой-ҷамъомади шоҳзодагони муғул, ёсоқ ё ясоқ-қонунномаи муғулон, шилиён-наҳоре, ки ба подшоҳони муғул медоданд ва ғайра. (17, 264)

Аз оғози асри ХVI сар карда дар китоби таърихи забони тоҷикӣ ва раванди рушду такомули он фасли тоза боз мешавад. Он чаҳорҷӯбаи зодгоҳу парваришгоҳи асосии худ – Осиёи Марказӣ ва Эрон хориҷ шуда, дар кишвари паҳновари Ҳиндустон паҳн мегардад. Ҳарчанд то ин аср забони мо аз аввали асри ХI дар Ҳинд мавқеъ пайдо карда, то Темуриёни Ҳинд дудмонҳои гуногуни тоҷикнажод, аз қабили Ғуриён, Баҳманиён ва ғайра дар Ҳиндустони марказӣ ва баъзе минтақаҳои дигар ҳукмронӣ карда, забони идории онҳо забони тоҷикӣ-форсӣ буд. Он сабабҳои гуногун дошт. Аввал он ки пас аз марги шоҳзодагони донишпарвари темурӣ – Мирзо Улуғбек (1448) ва Султон Ҳусайн Мирзо (Бойқаро) (1505) дар байни феодалҳои муқтадири таҷзияталаб ба хотири касби қудрат ҷангҳои харобиовар оғоз мегардад. Аз ҷониби дигар рӯйдодҳои сиёсӣ дар минтақа низ тавре сурат мегирад, ки дар қаламрави интишори забони форсӣ давлатҳои мустақили туркиву муғулӣ– дар Осиёи Марказӣ давлатӣ Шайбонӣ (1500) ва дар Эрон давлати Сафавӣ (1502) ташкил мешавад. Ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва задухӯрдҳои хунини низомӣ боиси барҳам хӯрдани ваҳдати сиёсӣ ва харобии марказҳои иқтисодӣ ва ҳаёти илмиву адабӣ мегардад.

Дар чунин замони номусоид барои фарҳангу ҳунар дар Осиёи Миёна ва Эрон, Бобур Мирзо дар Ҳиндустон давлати Темуриёни Ҳиндро асос мегузорад (1525). Дар замони фармонфармоии шоҳзодагони ин сулола мавқеи забони тоҷикӣ дар он диёр қавӣ мешавад ва қарнҳои тулонӣ вай забони илму адаб ва забони расмии давлати Темуриёни Ҳинд қарор мегирад. Як намуна аз сиёсати забонии давлати Темуриёни Ҳинд дар давраи Акбаршоҳ:

Чи тавре ки Ҷамолиддин Ҳусайни Инҷу дар муқаддимаи «Фарҳанги Ҷаҳангирӣ» қайд менамояд, соли 1005 ҳиҷрӣ (1597) дар вақти ба пойтахти (дорулмулки) Кашмир – Сринагар, омадани Ҷамолиддин Муҳаммади Акбаршоҳ, шоҳ пас аз воқиф шудан аз донишу аҳволи Ҳусайни Инҷу ӯро ба ҳузури худ талаб карда, гуфтааст: «Аз он замон, ки арабонро дар болои Аҷам истило даст дода, забони порсӣ бо каломи арабӣ омезиш пазируфта, аксар луғоти порсӣ ва дарӣ ва паҳлавӣ матрук, бал нобуд гашта... Лиҳозо, қабл аз ин чанде аз бандаҳои даргоҳи афозилпаноҳро китобе муштамил бар ҷамеи фурсии бостонӣ ва мусталаҳот амр фармуда будем, ҳеҷ гоҳ кадоме камоянбағӣ аз уҳдаи он берун натавонистанд омад. Бояд гуфт, ки дар ин фанни шариф китобе мураттаб созӣ, то аз натоиҷи давлати абадмақруни мо бар сафаҳоти рӯзгор ва авроқи лайлунаҳор асаре боқӣ монад, ки абадуддаҳр арбоби фаҳму дониш ва асҳоби фазлу бинишро аз он ҳаззе аҷзал ва нафъе акмал ҳосил ояд». (16, 138-139)

Забони тоҷикӣ забони расмии дарбор ва мақомоти идорӣ қарор гирифт, зарурати омӯхтани он низ барои табақоти гуногуни ҷомеа ба миён омад. Ба ҳамин нисбат дар ин марҳила фарҳангсозӣ ниҳоят авҷ гирифт ва то ибтидои садаи ХХ маркази фарҳангнависӣ ба забони мо кишвари Ҳиндустон гардид. Теъдоди фарҳангҳое, ки дар ин сарзамин аз тарафи тоҷикону эрониён ва аз ҷониби ҳиндуҳои форсидон тадвин шудааст, ниҳоят бисёранд. Баъзеи олимон миқдори онҳоро аз 200 бештар медонанд. (7, 14-17; 9, 140-141)

Марҳилаи чорум ё охироне, ки ба тағйири харитаи этникии халқҳои Осиёи Миёна оварда расонд, аз ҳуҷуми қабилаҳои узбекии шайбонӣ оғоз мегардад. Ҳуҷуми Шайбонихон ба Осиёи Миёна як ҳуҷуми одии қабилаҳои туркиву муғулӣ набуд, балки як ишғоли саросарии минтақа бо ба таври хонахез ворид шудани қабилаҳои туркиву муғулӣ ба минтақаи Самарқанду Бухоро буд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҳудуди 240-360 ҳазор хонавори кӯчманчӣ ба ин минтақа сарозер шуданд. [6,30-35] Аз рӯйи гуфтаи муаллифи «Аҳсан-ут-таворих» баъд аз ҳуҷуми Чингизхон ин дувумин ҳамлаи қабилаҳои туркиву муғулӣ бо чунин лашкари сершумор буд, ки рӯди Ҷайҳунро гузаштанд. [6, 32] Бар асари ҳуҷуми Шайбониҳо ва задухӯрди мазҳабии шиаву суннӣ байни Сафавиёну Шайбониён ва тохтутозҳои гоҳ-гоҳии Темуриёни Ҳинд ба ин сарзамин ба хотири аз дасти туркҳои Шайбонӣ озод кардани ватани аздастрафтаи хеш шаҳру деҳоти Мовароуннаҳру Хуросон ба харобазор табдил ёфт ва бештари аҳолии бумии ин минтақаҳо тақрибан саросар ватани аслии худро гузошта, ба Ҳиндустон кӯч бастанд. Дар байни тахминан сесад сол бо ҳукмронии пайиҳами сулолаҳои туркнажоди шайбониёну аштархониҳову (мингҳо) манғитҳо Осиёи Миёна оқибат ба се хонигарӣ (Бухорову Қуқанду Хива) тақсим гардид ва аз ҳамин давра шуруъ карда хонҳои турктабор дар дарбори худ ба масъалаи дузабонии туркиву тоҷикӣ аҳамият дода, ба забони ғайритоҷикӣ бартарӣ доданд. Ин бартариҷӯйӣ то андозае буд, ки баъзе аз шоирони тоҷикзабони бархоста аз минтақаҳои кӯҳистонӣ дар баробари гуфтани шеъри тоҷикӣ ба эҷоди осоре ба забони туркӣ-узбекӣ оғоз намуданд.

Дар ҳамин давра ҳавзаи фарорӯдии забони тоҷикӣ боз ҳам бештар зери сиёсати туркгароӣ қарор гирифта, ҷудоии сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии он бештар мешавад.

Ин ҷудошавиҳо бештар ба ҷараёни заиф шудани робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ байни Осиёи Миёна ва Эрон, ки дар асри ХVI оғоз шуда буд, иртибот мегирад. Дар ҷараёни аз ҳам ҷудошавии гӯйишҳои тоҷикӣ-форсии Осиёи Миёна ва Эрон ҳодисаҳои марбут ба хароб кардани Марв нақши зиёде дорад. Марв ва минтақаҳои атрофи он аз давраҳои бостон яке аз бузургтарин марказҳои иқтисодиву фарҳангии Хуросон ва аз марказҳои бузургтарини ташаккули забони тоҷикӣ, аз нуқтаи назари вазъи ҷуғрофии худ дар муддати тулонии таърих вазифаи пайвандгариро байни аҳолии тоҷикзабони Фарорӯд ва Эрон бозӣ мекард. Дар охири асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ Марв бо тамоми минтақаҳои гирду атрофаш аз тарафи қувваҳои низомии амирони Бухоро дучори шикаст ва ғорат шуда, боқимонда сокинони он ба Бухоро ва Самарқанд муҳоҷир гардиданд. Сарбанди бузурги оби Марв аз тарафи сарбозони Бухоро хароб гардид ва дар андак муддат ин сарзамини таърихӣ ва бостонии тоҷикон ба биёбон мубаддал шуда, ҷои тоҷикони бумии ин сарзаминро қабилаҳои туркмани сарикҳо ва текеҳо гирифтанд. Ҳамин тариқ, охирин занҷири иртиботии вилоятҳои тоҷикзабони Осиёи Миёна ва вилоятҳои тоҷикзабони Эрон аз ҳам гусехт.

Дар Осиёи Миёна се хонигарии турктабор дар Қуқанду Хеваву Бухоро пайдо шуд ва онҳо байни худ доимо дар ҷангу ҷидол қарор доштанд. Ҳатто аз рӯйи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, шаҳри Самарқанд дар ин давра тамоман беаҳолӣ монд. Бо андаке фазои орому мусоид фароҳам шудан дар дарборҳои ин хонигариҳо маҳфилҳои адабие пайдо шуданд, вале акнун ин маҳфилҳои адабии дарборӣ буйи дигар дошт. Дар ин дарборҳо ҳарчанд ки забони модарии мо то ҷойе мақоми худро нигоҳ медошт, акнун сухан дар бораи ашъори дузабона мерафт ва ҳар ки дар баробари забони тоҷикӣ, забони узбекиро медонист ва бо он шеър эҷод мекард, мавриди таҳсину дастгирии дарбориён ва худи амирон қарор мегирифт (15, 19-104).

Вожаҳои туркиву муғулӣ дар ин марҳилаи рушди забони тоҷикӣ бештар мешаванд: иноқ-рутбаи ёздаҳум аз понздаҳ рутбаи олӣ дар Бухорои амирӣ, тамғочӣ-муҳрдор, илғор-тохтутоз, ҳуҷум, қушбегӣ– унвони баланди ҳарбӣ дар аморати Бухоро ё сарвазири вақт, атолиқ, туқсабо- вазифаҳои мулкии Бухоро, буркут, қилочӣ, қунғурот, манғит- номи қабилаҳои турк ва ғайра (9, 302).

Ин муборизаи туркпарастӣ, махсусан, баъд аз пирӯзии инқилоби Бухоро ва бо ёрии Ҳукумати Шӯравӣ ба сари ҳокимият омадани ҷадидҳои пантуркист дар Бухоро шиддат гирифт ва аз соли 1920 то соли 1924 дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро забони тоҷикӣ аз мақоми расмиву давлатӣ маҳрум гардид. Ба тангнои ин ҷараёни тоҷикбадбинӣ ҳатто бархе аз олимону донишмандони тоҷиктабор низ гирифтор шуданд. Ин сиёсати туркигароӣ минбаъд дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро (иддаои машҳури Фитрат, нозири маорифи Ҷумҳурии Халқии Бухоро дар бораи ҷарима кардани шахсоне, ки дар ҳузури ӯ ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд) идома ёфт ва минбаъд таҳаққуқи пардапӯшонаи ин туркпарастиро дар солҳои 30-юми асри XX аз тарафи як идда равшанфикрон бо роҳи аз забони тоҷикӣ баровардани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо мебинем. Махсусан, дар сиёсати навсозии забон, ки аз оғози солҳои 30-юми садаи XX дар Тоҷикистон амалӣ гардид, ба таври пай дар пай амалӣ гардидани сиёсати пантуркистонаи маҳдуд сохтани забони тоҷикӣ хеле равшан инъикос ёфт. Солҳои 30-юм ва чилуми садаи XX ба хотири гӯё забони нави адабӣ сохтан шиори озод кардани забон аз «арабизмҳо» ва «эронизмҳо»-ро баланд бардошта, ба вожаҳои ноби тоҷикии «сарнишин», «туршизо», «шоҳроҳ» ва арабиҳои «сиёсат», «иқтисод», «шӯро» ва ғ. вожаҳои ба ном «советизмҳо» ва ҷойи вожаҳои байналмилалии ба воситаи забони русӣ воридшудаи экипаж, кислота, шоссе, политика, экономика, совет ҷорӣ мекарданд. Дар ин бора ҳатто Фармони махсуси Комиссариати Халқии маорифи РСС Тоҷикистон (Фармони № 1 «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» Комиссариати Халқии Маорифи РСС Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 1939) нашр шудааст, ки дар моддаи якуми он аз ҷумла гуфта мешавад: «Совещанияҳое, ки дар бобати масъалаҳои сохти забон дар моҳи феврал ва дар моҳи ноябри соли 1938 аз тарафи КМ ПК (б) Тоҷикистон ҷеғ зада шуда буданд, дар соҳаи ба тартиб даровардани масъалаҳои грамматика, терминология ва орфографияи забони тоҷикӣ як чорабиниҳои конкретӣ муайян карданд. Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо ва эронизмҳо дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугӯӣ, ба дар забони тоҷикӣ ҷорӣ кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шудаанд».

Муносибати донишмандон ва махсусан устод Айнӣ нисбат ба ин қарори Вазорати маорифи вақти Тоҷикистон маҳкумкунанда буда, онро «яке аз ҳуҷумҳои чап, ки вайро режими аракчеевӣ номидан мумкин аст, дар соли 1937, 1938, 1939 ташкил ёфта буд» номидааст. (3, 70) Инчунин ӯ дар мактуби худ «Ба Базаи тоҷикии Академияи илмҳои СССР» (01.03.1940) дар бораи ин фармон назари худро чунин баён намудааст: «Коркунони илмии База, ки тарафдори ҷараёни авваланд, ба сухани худ қарори Наркомпроссро (Комиссариати маорифи халқ – С.Н.) асос мегиранд. Ба фаҳми ман он гуна қарорҳо дар бораи масъалаҳои ҳанӯз ҳалнашуда ва дар мубоҳиса истода намешавад. Дер нашудааст, ки дар бораи партофтани «ро» як қарор баромад, аммо худ ба худ аз миён рафт». (2, 130) Ин мақоларо метавон оғози давраи дигари мубоҳисаҳои устод Айнӣ оид ба масъалаҳои забон номид. Ин давра бо мақолаи бунёдии устод бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) анҷом меёбад.

Ин мақолаи устод Айнӣ дар партави дусолагии «нашри асари доҳиёнаи И.В. Сталин – «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ» навишта шуда, дар он нуқсону камбудиҳое, ки то ин дам дар забоншиносии тоҷик ҷой доштанд, зери тозиёнаи танқид қарор гирифтааст. Аз рӯйи намунаҳои таҳияи имло ва сохтмони забонии солҳои 30-юми садаи ХХ мушоҳида гардид, ки дастандаркорони навсозии забони тоҷикӣ дар намунаи Комитети терминология ва алифбои нав, базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шуравӣ ва Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон ба андозае ба навсозии забони адабии тоҷикӣ саргарм шудаанд, ки ҳатто даст ба таҳрифи сохторҳои грамматикии забон заданд, ки ҳеҷ дар қаламрави асосҳои илмии забоншиносӣ ҷоиз набуд. Масъалаи устувор мондани унсурҳои дастурӣ ё грамматикӣ (дар намунаи истифодаи ҷамъбандии асили тоҷикӣ «он» (гон, ён, вон) ва «ҳо», ба зурӣ бароварда партофтани вожаҳои классикӣ «аз фонди асосии луғати забони тоҷикӣ» ва «даровардани яке аз луғатҳои маҳаллии танг», сохтану меъёрӣ кардани ҷумлаҳои нодурусти «Ин Аҳмада китобаш» зери таъсири ҷумлаҳои забони узбекӣ «Бу Аҳмадни китобӣ» ва ғайра, дар ин мақола исбот шудааст. Ӯ менависад: «Ин кор дар амал грамматикаи сахтҷонро бо зӯрӣ (бо режими аракчеевӣ) кушта партофта, ба ҷойи он грамматикаи аз ҷумлаи вайрони бегона гирифта шударо ба тарзи сунъӣ даровардан буд». (3, 70)

Лоиҳанависони ин ҳуҷум дар зери пардаи «забонро ба халқ наздик кардан» мехостанд, ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ» созанд. Онҳо нависандагон ва соҳибқаламонро маҷбур мекарданд, ки «ин Аҳмада китобаш» барин ҷумлаҳоро ҳам ҷумлаи тоҷикӣ дониста кор фармоянд ва дуруст шуморанд. Ва ҳол он ки ин ҷумла тарҷимаи ҳарф ба ҳарфи вайрони як ҷумлаи ӯзбекӣ буд» (4, 71-72).

Ҳамин тариқ таъсири омилҳои фарозабонӣ ба забон дар аксари ҳолатҳо оқибатҳои харобиовар дошта, пешгирии онҳо ҷидду ҷаҳди ҳамагонии фарзонагони миллатро талаб менамояд.

Адабиёт

1. Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик//Маҷмуаи Номвожаи тоҷик, таҳияи Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ. - Санкт-Петербург, 2015.

2. Айнӣ С. Ба Базаи тоҷикии Академияи илмҳои СССР//Мунтахаби асарҳои илмӣ, - Душанбе, Дониш, 2008.

3. Айни С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. Ҷилди аввал. Айнӣ ва забони адабӣ – Душанбе, Дониш, 2008.

4. Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Шарқи Сурх, 1952, № 6, 3-8// Мунтахаби асарҳои илмӣ. Ҷилди аввал. Айнӣ ва забони адабӣ – Душанбе, Дониш, 2008.

5. Ғулом Ҷелонии Доварӣ. Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тожик» бар мабнои осори кашфшуда. с.117

6. История таджикского народа. Под общей редакцией академика АИ РТ Р.М.Масова. Т.IV. – Душанбе, 2010.

7. Капранов В.А. Таджикско-персидская лексикография в Индии в XVI -ХIХ вв.– Душанбе, 1987.

8. Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ // Газетаи муаллимон, 20 феврали соли 1941, №7.

9. Назарзода С. Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ. Душанбе. Дониш, 2021. С.

10. Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ.-Душанбе: «Дониш», 2004.

11. Назарзода С. Забони тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ. Душанбе: «Дониш», 2018.

12. Нақли қавл аз «Тоҷикон дар манобеи таърихӣ. – Душанбе, 2012.

13. Нақли қавл аз Исо Содиқӣ. Таърихи фарҳанги Эрон. – Теҳрон, 1347/1969.

14. Nicholas Sims-Williams. Bactrian Documents I (Studies in the Khalili Collection, Vol III). Oxford University Press 2000.

15. Носирҷон Маъсумӣ. Асарҳои мунтахаб, ҷилди аввал. – Душанбе, 2005.

16. Рауфов Ҳ. «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ҳамчун сарчашмаи лексикографияи тоҷику форс». –Душанбе, 1973.

17. Саид Ҳалимов. Таърихи забони адабии тоҷикӣ (аз асрҳои IХ-Х то ибтидои асри ХХ). Осор, ҷилди 2.– Душанбе, ҶДММ «Суфра» 2022.

18. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 2. Забон ва замон. – Душанбе. Нашриёти Ганҷ, 2020.

Назарзода С., узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet