11 Oct 2022
Submitted by Admin
368

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) аз силсилаи шоирони бузурги аҳди сомонист, ки шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ ва тарғибу ташвиқи ватанхоҳию истиқлолталабӣ дар забони модарии мо ба номи ӯ алоқаманд аст.

Ҳамосасароӣ дар забони модарии мо аслан таърихи дерин ва реша дар худойнома ва корномаҳои қадим дорад. Дар гузаштаи дур асари дорои мазмуни ҳамосӣ ғолибан «худойнома» ном бурда мешуд, ки баъдан «шоҳнома» ном гирифт.

Дар сурудаҳои боқимондаи аксари шоирони аҳди сомонӣ – Фароловӣ (Шоҳпарвар бувад чу Барноюн), Дақиқӣ (Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно, / Он куҷо гови наку будаш Бармоюно) ва ҳатто пештар аз ин аҳд – Масъудии Марвазӣ (Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ, / Гирифташ ба гетӣ-дарун подшоҳӣ) таваҷҷуҳ ба гузашта ва ҳисси ифтихор аз таърихи ҳамосию асотирӣ ҷо-ҷо ба мушоҳида мерасад.

Баъзе муҳаққиқону муаррихон ҳамчунин дар хусуси таълифи «Шоҳнома»-и манзуми Масъудии Марвазӣ изҳори назар кардаанд. Абуалии Балъамӣ дар «Таърихи Балъамӣ» аз мавҷуд будани «Шоҳномаҳо»-и бузург ёд карда, Ибни Исфандёр дар «Таърихи Табаристон» аз «Шоҳнома»-и Муайядӣ хабар додааст.

Дар байни «Шоҳнома»-ҳои мансур муҳаққиқон ба «Гаршосбнома»-и Абулмуайяди Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, ки муқаддимаи он то замони мо боқӣ мондааст, арҷ ниҳодаанд.

Вале нахустин касе, ки ба таълифи «Шоҳнома» манзум бо дастури амири сомонӣ – Нӯҳ ибни Мансур ҷиддан камари ҳиммат баст, Дақиқии шоир буд. Ба дасти ғуломе кушта шудани Дақиқӣ имкон надод, ки вай назми ин ҳамосаи миллии мардуми куҳантаърихи моро анҷом бахшад. Бино бар ин, эҳтимоли қавӣ меравад, ки бо салоҳдиди дӯстон ва дастуру ҳидояти ҳамин амири сомонӣ таълифи «Шоҳнома» ба зиммаи Фирдавсӣ вогузор шуд ва ҳакими фарзона – Фирдавсии Тӯсӣ бо таълифи ин шоҳасар дар забони мо аз назми оламгир чунон «кохе баланд»-у муҳташам бунёд ниҳод, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо аз боду борони рӯзгор осебу газанд нахоҳад дид:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд...

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Тавзеҳан, Фирдавсӣ ба назми «Шоҳнома» иқдом кардани «ҷавоне кушодазабон» ва соҳиби «табъи равон» Дақиқӣ ва пас аз чанде ба дасти ғуломе кушта шудани ӯро дар оғози шоҳасари худ таъкид кардааст:

«Ба назм орам ин номаро, - гуфт, ман»

Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман...

Якояк аз ӯ бахт баргашта шуд,

Ба дасти яке банда-бар кушта шуд.

Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,

Чунон бахти бедори ӯ хуфта монд.

Дар баробари ин, ёдоварӣ мебояд, ки Фирдавсӣ ҳазор байти сурудаи Дақиқиро ба «Шоҳнома»-и худ ҳамроҳ карда, ба «Шоҳнома» ё «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ умри абад бахшид. Бузургтарин хидмати Дақиқӣ дар шоҳномасароӣ ин аст, ки барои сурудани «Шоҳнома» вазни шоистаи ҳамосасароӣ – баҳри мутақорибро интихоб намуд ва Фирдавсӣ ба пайравӣ аз ӯ назми «Шоҳнома»-ро дар ҳамин баҳр анҷом дод.

Зимнан, шоир ҳамчунин аз сурудаҳои зиёди пешиниёни худ дар ин замина ёдовар шудааст, ки бори дигар аз таърихи қадим доштани забони модарии мо гувоҳӣ медиҳад:

Сухан гуфта шуд, гуфтанӣ ҳам намонд,

Ман аз гуфта хоҳам яке бо ту ронд.

Сухан ҳар чӣ гӯям, ҳама гуфтаанд,

Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.

Ин нукта ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки шоири бузург барои муайян кардани ҷузъиёти баъзе ҳодисаву воқеаҳои таърихи пурифтихори гузаштагони мо бештар аз нақлу ривояти мардуми Фарорӯду Хуросон мадад ҷустааст. Масалан, Фирдавсӣ ривояти марбут ба оқибати кори Рустами Дастонро аз Озодсарв ном сокини Марв шунидааст:

Яке пир буд, номаш Озодсарв,

Ки бо Аҳмади Саҳл будӣ ба Марв.

Куҷо номаи хусравон доштӣ,

Тану пайкари паҳлавон доштӣ.

Диле пур зи дониш, саре пурсухан,

Забон пур зи гуфторҳои куҳан.

Ба Соми Наремон кашидаш нажод,

Басе доштӣ разми Рустам ба ёд.

Бигӯям сухан он чи з-ӯ ёфтам,

Суханро як андар дигар бофтам.

Ё достони бар тахт нишастани Ҳурмузди Анӯшервонро ба Фирдавсӣ Мох ном марзбони Ҳирот нақл кардааст:

Яке пир буд марзбони Ҳарӣ,

Писандидаву дида аз ҳар даре.

Ҷаҳондидае номи ӯ буд Мох,

Сухандону бофарру бобаргу шох.

Бипурсидамаш то чи дорад ба ёд,

Зи Ҳурмуз, ки биншаст бар тахти дод.

Чунин гуфт пири Хуросон, ки «шоҳ –

Чу биншаст бар номвар пешгоҳ,

Нахуст офарин кард бар кирдгор,

Тавонову дорандаи рӯзгор».

Дигар гуфт: «Мо тахт номӣ кунем,

Гаронмоягонро гиромӣ кунем»…

Меҳвари андешаҳои Фирдавсиро дар «Шоҳнома» дар баробари ватанхоҳию истиқлолталабӣ ҳамчунин хирадварзию хирадгароӣ ва тарғиби донишу хирад ташкил медиҳад:

Хирад раҳнамову хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой...

Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯ хуррамист,

Аз ӯ ҳам фузунию ҳам з-ӯ камист...

Нахустофариниш хирадро шинос,

Нигаҳбони ҷон асту они сипос...

Ҳамеша хирадро ту дастур дор

Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор.

Воқеан шеваи тарғиби мардонагӣ, истиқлолталабӣ ва ҳисси силаҳшӯрӣ, ки дар «Шоҳнома» омадааст, на танҳо дар адабиёти мо, балки дар адабиёти ҷаҳон камназир аст:

Агар ҷуз ба коми ман ояд ҷавоб,

Ману гурзу майдони Афросиёб!

Ба андешаи ғолиб «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз се бахш: асотирӣ (аз рӯзгори Каюмарс то зуҳури Фаридун), ривоятӣ (аз шӯриши Кова то куштани Рустам) ва таърихӣ иборат аст. Бахши таърихии «Шоҳнома» асосан ба давраи Ашкониёну Сосониён марбут буда, бо ҳамлаи араб ба Эрон ва шикасти давлати Сосониён анҷом мепазирад. Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро таърихи ростин ва ибратомӯзи мардуми мо медонад:

Ту инро дурӯғу фасона мадон,

Ба яксон равиш дар замона мадон.

Аз ӯ ҳар чӣ андархурад бо хирад,

Дигар пардаи рамз маънӣ барад.

Дар «Шоҳнома» таърихи асотирии ойин ниҳодани ҷашнҳои қадими мардуми мо – Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба ваҷҳи неку тасвир шудааст. Фирдавсӣ бунёди ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед (Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд, / Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд), ҷашни Меҳргонро ба Фаридун (Парастидани Меҳргон дини ӯст) ва ҷашни Садаро ба Ҳушанг (Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор) нисбат додааст.

Зикри ин матлаб ҳам муҳим аст, ки имрӯз дар қонуни асосии аксари кишварҳои ҷаҳон озодии динию дунявии инсон расман эътироф шудааст ва бо камоли итминон метавон гуфт, ки ин ҳикмат реша дар умқи таъриху фарҳанги мардуми мо дорад ва аз ҷӯйи хиради ниёгони шарафманди мо об мехӯрад.

Ба ибораи дигар, нахустин санади таърихие, ки дар он баробарии ҳамаи инсонҳо таъкид гардидааст, ба гузаштагони мо тааллуқ дорад. Ба ин маънӣ, ки соли 539 то милод яке аз бузургтарин шоҳони сулолаи давлатдории Ҳахоманишиён Куруши Кабир (солҳои давлатдорияш 559-530 то милод) шаҳри Бобилро, ки қавми яҳуд дар ин шаҳр дар асорат буданд, ба даст овард ва яҳудонро аз бардагию бандагӣ озод кард. Ӯ ҳамчунин бори нахуст дар таърихи башарият баробарии инсонҳоро эълон намуд.

Ин муқаррарот бо дастури Куруши Кабир барои наслҳои пасин бо хатти мехӣ дар устувонаи сафолие сабт гардид ва дар Бобилистон нигаҳдорӣ мешуд. Хушбахтона, соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар Бобилистон ин устувонаи сафолӣ ошкор гардид ва аз ҳамон таърих то ба имрӯз дар Осорхонаи Британия нигаҳдорӣ мешавад.

Бо фараҳмандии тамом метавон гуфт, ки муқаррароти ҳуқуқии Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар маҳсуб мегардад. Муқаррароти мазкур дар замони мо бо шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шуда, муҳтавои аслии он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мунъакис гардидааст. Ғояи баробарии ҳуқуқи инсон қатъи назар аз рангу пӯст, ки аз ҳикмати азалии ниёгони мо маншаъ мегирад, баъдан аз Эронзамин ба сарзаминҳои Ҳинду Юнон ва ниҳоят ба Рими қадим густариш пайдо кард ва дар Рим бештар ташаккул ёфт.

Дар «Шоҳнома»-и безавол низ ҳамин ғоя, яъне баробарии инсонҳо қатъи назар аз рангу пӯст дар қиссаи накӯҳиш кардани Зол падараш Соми Наримонро, ки фарзанди худро бар хилофи қавонини офариниш, ба хотири сапедии мӯй, дар кӯҳ пинҳон карда буд, сареҳан таъйид шудааст:

Зи модар бизодам, бияндохтӣ,

Ба кӯҳ андарам ҷойгаҳ сохтӣ.

Фикандӣ ба тимор зояндаро,

Ба оташ супурдӣ физояндаро.

На гаҳвора дидам, на пистони шир,

На аз ҳеч хушшӣ маро буд вир...

Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,

Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?

Ҷавҳари андешаи Фирдавсӣ дар ин суруда ва сурудаҳои дигари ӯ ин аст, ки инсонҳо бо вуҷуди гуногунии рангу пӯст бо ҳамдигар баробаранд, вале он чи ба онҳо дар байни ҳамнавъони худ имтиёзу бартарӣ мебахшад, донишу хиради онҳост.

Гузашта аз ин, асолату ҳувияти эронию ориёӣ, ки ба донишу хиради азалии мардуми мо ва аз оғоз ба тамаддунофарӣ ва ободон доштани ҷаҳон шуғл варзидани онон бастагӣ дорад, мояи ифтихор ва манбаи илҳоми Фирдавсӣ дар сурудани «Шоҳнома» мебошад. Шоир аз шукӯҳу ҷалоли сарзамини аҷдодии худ сар бар осмон дорад ва харобию забунии онро ба ҳеч ваҷҳ намепазирад:

Ҳама ҷойи ҷангисаворон будӣ,

Нишастангаҳи шаҳриёрон будӣ.

Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,

Куноми палангону шерон шавад.

Шоири бузург дар солҳои охири умри худ, ки турктози рӯзгор, заволи давлати Сомониён ва ба сари кор омадани мардуми беҳунари «андар табораш бузургӣ набуд»-ро ба чашми худ дид, ба рағми ин ҳама бедоди рӯзгор чора ғайр аз ин надонист, ки аз қаҳрамонони сурудаҳои худ мадад ҷуста, аз забони онҳо садои эътироз баланд намояд. Ба баёни дигар, ба назар чунин мерасад, ки Фирдавсии бузург бар асари фурӯпошии давлати Сомониён бими дигарбора аз даст додани асолату бузургии мардуми моро ба мушоҳида гирифт ва дар охири «Шоҳнома», аз номи сипаҳдори лашкари Эронзамин – Рустами Ҳурмузд, дар номаи пурсӯзи ӯ ба бародараш пас аз шикасти Қодисия ва пирӯзии арабҳо, ҳамин матлабро бо андӯҳу таассуфи фаровон ба қалам овард:

Зи паймон бигарданду аз ростӣ,

Гиромӣ шавад кажживу костӣ...

Кишоварз ҷангӣ шавад беҳунар,

Нажоду ҳунар камтар ояд ба бар...

Ниҳон баттар аз ошкоро шавад,

Дили шоҳашон санги хоро шавад.

Бадандеш гардад писар бар падар,

Падар ҳамчунин бар писар чорагар.

Шавад бандаи беҳунар шаҳриёр,

Нажоду бузургӣ наёяд ба кор.

Ба гетӣ касеро намонад вафо,

Равону забонҳо шавад пурҷафо.

Зи Эрону аз турк ва-з тозиён,

Нажоде падид ояд андар миён.

На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,

Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад...

Чу бисёр аз ин достон бигзарад,

Касе сӯи озодагон нангарад...

Дар бобати забон ва луғати «Шоҳнома» устод Айнӣ, Хусрави Фаршедвард, Маҳмуди Шафеӣ... ва аз муҳаққиқони соҳибназари имрӯзаи мо Мукаррама Қосимова, Саид Ҳалимов, Олимҷон Қосимов... таҳқиқоти ҷолиб анҷом додаанд.

Ба андешаи аксари муҳаққиқон, «Шоҳнома» аз ҷумлаи он шоҳкорҳои забону адаби мост, ки хазинаи камназири калимаву луғатҳои ноби тоҷикӣ ба ҳисоб меравад ва дар вай истифодаи камтари калимаҳои арабӣ ба мушоҳида мерасад.

Корбасти калимаҳои ноби форсии тоҷикӣ ва ҷилавгирӣ аз корбурди калимаҳои арабӣ шояд бастагӣ ба он дорад, ки «Шоҳнома» ҳамосаи миллист ва рӯҳи шикастнопазири миллии эронию ориёӣ аз ҳар вожаву таркиби он ба дид меояд:

Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Корбасти зиёди зарбулмасалу мақол ва панду андарз аз хусусиятҳои хоси ин шоҳасар аст, ки аксари онҳо то ба имрӯз дар забони адабӣ ва бо гунаҳои хоси маҳаллӣ дар гӯйишҳои мо боқӣ мондаанд:

В-аз он пас ба Бандую Густаҳм гуфт,

Ки бикшоям ин достон аз ниҳуфт,

Ки, гар хар наёяд ба наздики бор,

Ту бори гарон сӯйи пушти хар ор.

Баъзе зарбулмасалҳои дар «Шоҳнома» истифодашуда, дар рӯзгори мо ба тағйироти ҷузъӣ дучор омадаанд:

Аз имрӯз коре ба фардо мамон,

Кӣ донад, ки фардо чӣ гардад замон?

Ё:

Чӣ бодафраҳ аст ин баровардаро,

Чӣ созем дармони худкардаро?

Бархе фармудаҳои худи Фирдавсӣ бо гузашти айём ба зарбулмасалу мақол ва панду андарз табдил ёфтаанд:

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.



Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед.

Зи бадасл чашми беҳӣ доштан

Бувад хок бар дида анбоштан.

Саъдӣ дар боби дувуми «Бӯстон», ки дар эҳсон аст, дар бобати камозорӣ байти Фирдавсиро шоҳид овардааст, ки намунаи олии шеъри ахлоқии тоҷикӣ дониста мешавад:

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод,

Ки раҳмат бар он турбати пок бод:

«Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст».

Истифодаи босамари ибораҳои рехта (аз даҳон бӯйи шир омадан, ҷон ба лаб расидан ва ғ.) аз вижагиҳои дигари забонии «Шоҳнома» маҳсуб мешавад:

Ҳанӯз аз даҳан бӯйи шир оядаш,

Ҳаме ройи шамшеру тир оядаш.

Ё:

К-аз он пас, ки ҷонам расида ба лаб,

Бар ин кини ман рӯз н-омад ба шаб.

Таносуби камназир ва низоммандии бемисли сухан, ки бо номи санъати лаффу нашр маъруф аст, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ намунаҳои барҷаста дорад:

Ба рӯзи набард он яли арҷманд

Ба шамшеру ханҷар, ба гурзу каманд

Буриду дариду шикасту бибаст

Ялонро сару синаву пову даст.

Ташбеҳҳои зебову рангин, ки дар олами худ беқиёсу беназиранд, вижагии дигари забони баёни Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба ҳисоб мераванд:

Шавад кӯҳи оҳан чу дарёи об,

Агар бишнавад номи Афросиёб.

Калимасозию таркиббандиҳои шевову дилоро дар саросари «Шоҳнома» ба назар мерасанд:

Худованди ному худованди ҷой,

Худованди рӯзидиҳу раҳнамой.

Худованди Кайвону гардонсипеҳр,

Фурӯзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.

***

Падид омад ин гунбади тезрав,

Шигифтинамояндаи нав ба нав...

***

Чунон буд, ки он духтари некбахт

Яке себи афкандабод аз дарахт

Ба раҳ-бар бидиду сабук баргирифт,

Зи ман бишнав ин достони шигифт...

Дар маҷмуъ, «Шоҳнома» муҳимтарин санади аслияти миллӣ ва барҷастатарин намунаи забони модарии мо дар аҳди сомонист, ки дар он Фирдавсии бузург моро ба гиромидошти гузашта ва имрӯзсозию ояндасозии боиставу шоиста фаро мехонад:

Ниёкони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр,

Наҷустанд ҷуз доду оҳистагӣ,

Бузургию гурдию шоистагӣ.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ, сарходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet