21 Jun 2023
Submitted by Admin
381

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шуравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд бештар дар давраи Истиқлол аз он рост меояд. То даврони шуравӣ халқҳои сарзамини Осиёи Миёна (на танҳо, балки дар ҳайати халқҳои дигари давлати шуравӣ) аз рӯйи аломати миллӣ тақсимбандӣ нашуда буданд ва ин таҷриба ҳам барои бори аввал дар Иттиҳоди Шуравӣ ва баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Югославия дар амал пиёда гардид. Пайдо шудани чунин баҳсҳо дар давраи шаклгирии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва баъд аз он табиӣ буд, зеро акнун ҳар як давлати дар асоси хусусиятҳои миллӣ пайдошуда мекушид, ки асоси пояҳои давлати миллии худро аз замонҳои гузашта ва ҳарчи қадимтар биҷӯяду пайдо кунад, то ифтихори давлатдории милливу худшиносии миллатҳои хешро баланд бардорад ва бо ҳамин васила пояҳои давлатдории хешро таҳқим бахшад.

Бинобар ин давлати Тоҷикистон аз устод Айнӣ хоҳиш намуд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» -ро таҳия намояд ва давлати Узбекистон ҳам аз Фитрат талаб намуд, ки «Намунаи адабиёти узбек»-ро нависад. Бобоҷон Ғафуров баъдан барои таҳкими давлати миллии тоҷикон шоҳасари худро бо номи «Тоҷикон» навишт. Охирин асаре, ки комилан ба масъалаҳои забонии таҳкими давлатдории миллӣ бахшида шудааст, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки китоби якуми он бо номи «Ба сӯйи пояндагӣ» соли 2016 ва китоби дувум таҳти унвони “Забон ва замон” соли 2021 аз чоп баромад. Албатта, дар асарҳои дигари Сарвари тоҷикон, инчунин дар суханрониҳои гуногуни ӯ аз ибтидои ба сари кор омаданаш то имрӯз масъалаи халқи тоҷик, фарҳангу таърихи он ва забони тоҷикӣ мавқеи меҳвариро ишғол мекунад. Донишмандони тоҷику ғайритоҷик ҳам дар ин бора мақолаву асарҳои зиёде навиштаанд, ки ҳар кас аз рӯйи мавқеъ ва дидгоҳи худ ва гоҳе ҳам аз назари фармоишӣ ба ин масъалаҳо дахл намуда, назари хешро баён намудаанд. Вале бархе ба ном «донишмандон» ва ҳатто шахсоне ҳастанд, ки ба умқи масъала сарфаҳм нарафта масъалаҳои забониро дуруст наомӯхта афкору ақидаҳои нодурусту бепояи илмӣ пешниҳод менамоянд ва теша ба решаи як унсури муқаддаси милливу фарҳангии хеш – забони модарӣ мезананд ва барои ҳамин пажуҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи қавмӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи номвожаи“тоҷик” барои устуворсозии босанад ва бодалели мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳаммияти ҳалкунанда касб мекунад (Муфассал нигаред: Эмомалӣ Раҳмон Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби 1, Ба сӯйи пояндагӣ. – Душанбе, 2016.). Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад. Тоҷикшиносӣ ҳамчун як бахши пажуҳишӣ аз асри XVIII шуруъ шуда, то ба ҳол дар ин бахш тадқиқоти зиёде анҷом гирифтааст. Даврабандии тоҷикшиносиро тахминан метавон дар шакли зерин ҷобаҷо кард:

1. Аз нимаи дувуми асри ХVIII то даҳаи дувуми асри ХХ;
2. Аз солҳои 20-уми асри ХХ то солҳои 50-уми асри ХХ;
3. Аз солҳои 50-уми асри ХХ то охири солҳои 80-уми асри ХХ;
4. Аз солҳои 90-уми асри ХХ то имрӯз.

Масъалаи қавми тоҷик ва забони он, пеш аз ҳама, ба масъалаи таърихи қавмҳои ориёӣ, пайдоиш ва густариши онҳо, ватану насаби онҳо сахт алоқаманд аст. Бинобар ин, ҷустани решаи калимаи «тоҷик» дар матнҳои бостонӣ аз аҳамият холӣ нест. Ин мавзуъ, яъне ҷустуҷуи вожаи «тоҷик» дар матнҳои бостонӣ дар солҳои охир на танҳо дар илми забоншиносӣ, балки дар дигар риштаҳо низ аҳаммият пайдо кардааст. Албатта, дар баррасии ин масъала бояд ду нуктаро ба эътибор гирифт. Яке нақлу тафсирҳои ривоятҳои қадимӣ ва дигаре пажуҳиши илмии ин мавзуъ дар матнҳои бостонӣ.

Донишмандон ва муҳаққиқони гуногун дар бораи вожаи «тоҷик» маълумоти зиёде овардаанд, ки аксари онҳо дар асоси маъхазҳои давраи исломии рушди мардуми форсизабон ҷамъоварӣ шудаанд ва зидду нақиз мебошанд. Масалан, дар «Доират-ул-маорифи исломӣ» бо истинод ба ақидаи Бартолд В.В. пайдоиши вожаи «тоҷик»-ро аз номи қабилаи арабии «тай» (тозӣ ба маънии араб аз ҳамин ҷост) донистаанд, ки баъдан ба форсизабонон тааллуқ гирифтааст (Ниг.: «Тоҷикон дар масири таърих». Гирдоварӣ ва таҳқиқи М.Шакурзода, 1373.– С.3; Бартольд В.В. Таджики. Сочинения, т.ч. ҷ.1. – Москва, 1969. – С.469.). Ин ақида аз тарафи аксари донишмандон бо далелу санадҳои мушаххас рад шудааст.

Ақидаи дигаре, ки аз тарафи аксари донишмандон, махсусан, донишмандони тоҷику рус пешниҳод мешавад, аз калимаи «тоҷ» пайдо шудани вожаи тоҷик мебошад. Ин ақида далелу бурҳонҳои зиёде дорад. Аз вожаи «тоҷ» пайдо шудани вожаи «тоҷик» пеш аз ҳама бар ривоёти мардумӣ такя дорад, зеро «тоҷ» шакли арабишудаи вожаи «toga» -и авестоӣ аст ва дар гумон аст, ки ин вожа баъд аз истилои араб пайдо шуда бошад. Донишманди муътабар Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ дар асоси маъхазҳои чинӣ таъкид мекунад, ки вожаҳои «тот» ва «тоҷик» дар асоси талаффузи хитоии вожаи «тохар» дар шакли «тухулу» ё «тоҳиё» пайдо шудааст. Баъзе дигар аз донишмандон дар ин бора гунаҳои гуногуни вожаҳоеро аз Даития – номи рӯди муқаддас дар Осиёи Марказӣ (дарёи Сир), Тарғитос – номи яке аз пешвоёни қабоили сакоиҳо, додигҳо яке аз қабилаҳои сакоӣ дар навиштаҳои Ҳеродот муаррихи юнонӣ пешниҳод кардаанд, ки гӯё дар асоси талуффузи гуногуни ин калимаҳо ба вожаи тоҷик расидан мумкин аст. Албатта, онҳо барои тасдиқи фикри худ аз маъхазҳои гуногун мисолҳо овардаанд.

1. Ба маънои қавму халқу миллат. Ба ҳамагон маълум аст, ки истилоҳи «тоҷик» пеш аз ҳама мафҳуми қавми ориёиро ифода мекунад, вале дар маъхазҳои таърихӣ ба маънои кишвар, вилоят ва забон ҳам омадааст. Аксари муҳаққиқони ин вожа таъкид карданд, ки гӯё истифодаи вожаи тоҷик бештар ба маънои қавм раҳоварди асри XI-и мелодӣ мебошад, ки гӯё бештар аз тарафи туркҳо барои номгузории қавмҳои мусулмоншудаи эронӣ истифода шудааст. Вале дар бораи истифодаи вожаи тоҷик дар давраҳои пеш аз ислом муҳаққиқон борҳо ишора кардаанд, ки ин аз назари пажуҳишгарон нисбатан дур мондааст (Муминджонов Х.Х. Авесто об этногенезе таджиков // Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведения, № 1-2, 2002.– С.184-191.). Ин маълумот бештар ба минтақаи Шарқи Дур, Муғулистон, Хитой, Тибет, Ҳиндустон ва қабилаҳои туркӣ дахл дорад, чунки аксари ин халқу қавмҳо ба воситаи тоҷикон аз маданияти Юнону Рум ва Арабу Аҷам маълумот пайдо кардаанд.

Дар аксари асарҳои бозмондаи адабиёти санскрит дар минтақаи Ҳинд калимаи тоҷик ба маънои форс ё эронӣ қайд шудааст, яъне вожаи тоҷик бо форсизабон ҳаммаъно будааст. Вожаи тоҷик дар Ведҳо ба маънои ориёиҳо истифода шудааст, ки аз лиҳози таърихӣ ба ҳазорсолаи дувуми қабл аз мелод мерасад. Муҳаққиқи фарҳангу фалсафаи зардуштӣ Муъминҷонов Ҳ. ба «Бундаҳишн» ва, махсусан, ба «Бундаҳишн»-и ҳиндӣ истинод оварда менависад, ки дар матни ин асар номи яке аз сарқабилаҳои ориёӣ ба шакли Тоз ва ҳамсари ӯ Тозак оварда шудааст ва дар асоси таҳқиқи ин асар ба ақидае меояд, ки Тоз ва Тозак (дар «Бундаҳишн»-и бузурги эронӣ номи зан Кавозак аст) асосгузор ва пояи авлодии умумияти таърихии ориёҳо мебошанд. Бархе аз сарчашмаҳои фарҳангнигорӣ тоҷиконро ба яке аз қабилаҳои эрониасли Тоҷ мансуб медонанд, ки ҳамон шакли арабишудаи Тоз аст (Муфассал ниг.: Муминджанов Х.Х. Авесто об этногезе таджиков // Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведение, №1-2, 2002.– С.184-191; Мӯъминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. – Душанбе, 2004. – С.151-153, 186; «Тоҷикон дар масири таърих». Гирдоварӣ ва таҳқиқи М.Шакурзода, 1373. – С.152-153, 169; Бундаҳишн (эронӣ). – Теҳрон, 1364. – С.82-83; Бундаҳишн (ҳиндӣ). – Теҳрон, 1368. – С.93-96; Баҳор М. Пажуҳише дар асотири Эрон. – Теҳрон, 1362. – С.137-141.).

Дар сарчашмаҳои чинӣ ба ғайр аз истифодаи истилоҳи «пос» ба маънои форсӣ истилоҳи қадимтари «таоҷӣ», «таочӣ» яъне «тоҷик» ба маънои қавмҳои эронӣ истифода шудааст, ки дар Хитой машҳур будани вожаи тоҷикро нишон медиҳад. Албатта, ба муҳаққиқон маълум аст, ки пайдо намудани маъхазҳои муътамад ва таъйини сарнавишти ин ё он ном кори душвор буда, таҳқиқоти забоншиносӣ, таърихӣ, мардумшиносӣ ва ғайраро талаб мекунад. Вожаи «тоҷик» дар давраҳои тулонии таърихи инкишофи халқҳои ориёӣ тағйиру таҳаввул пазируфта, тобишҳои гуногуни маъноӣ пайдо намудааст. Дар таҳқиқи вожаи “тоҷик” ховаршиносони аврупоӣ нақши босазое доранд.

Истилоҳи «тоҷик» ба маънои номи халқ дар Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамҷавори он дар илми ховаршиносии Аврупо ҳанӯз дар нимаи дувуми асри ХVIII пайдо шуда буд. Дар китоби «Таърихҳои шарқӣ», ки дар Париж дар соли 1773 чоп шудааст, гуфта мешавад: «Ҳама шаҳрҳои Бухорои бузург ва Бухорои хурд то худи марзҳои Чин бухороӣ ҳастанд, ки … сокинони қадимиву бостонии ин диёр мебошанд. Онҳоро «тоҷик» ё «шаҳрнишин» меноманд. Дар тавзеҳоти китоб чунин омадааст, «тоҷик» маънои шаҳрнишинро дорад, ки бухороиҳоро чунин меноманд. (Anecdotes orientales. Prеmier partie… Paris, 1773. -P. 570, 735.)

Таҳқиқу таҳлили истилоҳи «тоҷик» ба таври илмӣ дар ховаршиносии ғарбӣ таърихи беш аз дусадсола дорад. Дар илми аврупоӣ масъалаи пажӯҳиши вожаи «тоҷик» бори аввал дар як мақолаи М.Клапрот бо номи «Дар бораи бухороиҳо» баррасӣ шудааст. Ин мақола соли 1823 дар ҷилди дувуми маҷаллаи «Журнал азиатик» чоп шудааст (Klaproth., Sur Les Boukhares – Jonrnal Asiatique, t.2, Paris, 1823. – С.154-163.).

Аввалин иттилоъ дар матбуоти Россия оид ба тоҷикон аз ин мақола ҳам пештар пайдо шудааст. Дар маҷаллаи русии «Навиди Европа» (Вестник Европы) аз моҳи апрели соли 1815 мақолаи начандон калоне бо номи «Дар бораи халқҳои сокини Персия» чоп шудааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мардуми бумии ин давлат бо исми номниҳодаи форсҳо номи тоҷикро доранд. Онҳо моҳиятан омехтаи халқиятҳои гуногун, арабҳо, габрҳо (зардуштиён), яҳудиҳо буда, ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ ва маҷбурӣ дини муҳаммадиро пазируфтаанд» (Ниг: Хромов А.А. Дар бораи тафсири этнонимии «тоҷик» // Забоншиносии тоҷик. – Душанбе, 1984. – С.28-29; О народах обитающих в Персии / Вестник Европы, апрель 1815, № 7. – С.243-285.). Ба қавли муҳаққиқи рус Н.В.Ханыков «… Аз ҳамин сабаб калимаи «тоҷик» дар ватани аслии Зардушт, ки таълимоташ дар Бохтар хеле пештар аз он ки ба Ғарб (Эрони ғарбӣ дар назар аст) ворид шавад, роиҷ буд…»( Хаников Н. В. Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон. – Душанбе, 1992. – С.106-108.) Ҳамчунин ақидае мавҷуд аст, ки калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ба ҷойи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе, 2001.– С.102.)

Муҳаққиқи шинохта Муҷтабо Минувӣ дар мақолаи худ «Тоҷик ва турк дар асри Байҳақӣ» далелҳои зиёди таърихиро оид ба сарнавишти вожаи «тоҷик / тожик / тозик» баррасӣ карда, дар охир чунин менависад: «Аз тамоми мисолҳое, ки оварда шуд, рӯшан мешавад, ки мурод аз тоҷик ва тожику тозик дар кутуби форсӣ атбоъ ва саканаи эронӣ дар заминҳои эронинишин аст, дар муқобили туркон ё муғулон, ки бар он арозӣ мусаллат будаанд». Ин ақида имрӯз дар байни ховаршиносони Ғарб низ бартарӣ дорад. Дар “Фарҳанги нави форсӣ-англисӣ” (соли 2005) мехонем: “(tajeek) One who is neither a Turknoran Arab; [among the Turks] a Persian”, яъне “Тоҷик он ки на Турк аст на Араб; (дар байни туркҳо) форс”. (The new Persian-English dictionary, by S. Halim, Tehran, 2005, p.193.)

Яке аз маъмултарин ривоятҳое, ки дар бораи вожаи тоҷик вуҷуд дорад, ба калимаи «тоҷ» робита доштани он аст. Дар садаи ХIХ ақидаи Хаников Н.В. дар бораи ба вожаи «тоҷ» алоқаманд будани вожаи «тоҷик» ба маънои «тоҷдор» густариш ёфта, ҷонибдорони зиёде пайдо кард. Ин андешаи Хаников Н.В. дар асари ӯ «Қайдҳо дар бораи мардумшиносии Персия» (Khanikoff N.V. Memoire sur L̀ ethnographie de la Perse. - Paris, 1866. - P.87.) чоп шуда, минбаъд аз тарафи донишмандоне чун Семёнов А.А., Вамбери А., Будагов Л., Де Лагард, С. Айнӣ дастгирӣ ёфт. Семёнов А.А. зимни тафсири андешаи Хаников Н.В. дар ин бора чунин менависад: «Бинобар ин, «тоҷик» ба ақидаи ӯ номе мебошад, ки мусулмонҳо ҳангоми истилои подшоҳии форсҳо ба пайравони Зардушт доданд ва эҳтимол дорад, ки худи пайравони дини зардуштӣ худро чунин ном мебурданд. Вожаи «тоҷик» ё «таҷик» дар забони ҳузворишӣ (эҳтимол забони форсии миёна дар назар бошад) ва «тозӣ»-и форсӣ ба маънои «араб» ба ин калима ҳеҷ муносибат надорад» (Семенов А.А. Этнографический очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. - М., 1903. - С. 21.).

Устод Айнӣ аз байни донишмандони тоҷик шояд аз аввалинҳост, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, мақолаи муфассале дар ин боб навиштааст (Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик // Тоҷикон дар қаламрави Ориёно. - Душанбе, 2009. - С. 34.), ки ҳанӯз соли 1943 ба забони русӣ тарҷума шуда буд. (Махмадшоев Р., Обидов У., С.Айни о происхождении и значении этнонима «таджик» // Известия АН Таджикской ССР. – 1980. - №2. - С.89-93; Айнӣ С. Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, 2008. - С.3-21.)

Мақолаи «Маънии калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷойи корфармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима» ки нусхаи аслии он гум шуда он аз рӯйи тарҷумаи Н. Н. Ершов баъдан ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, аз панҷ фасли кӯтоҳ иборат буда, фасли аввали он «Шаклҳои калимаи «тоҷик» номгузорӣ шудааст. Дар он шаклҳои талаффузи калимаи «тоҷик», тоҷак, тозик, тозак, тожик оварда шуда, ба қавли устод «Аз таълифоти муаллифони тоҷик-форс маълум мешавад, ки шакли асосӣ, аввалин ва аслии ин калима «тоҷик» бо мадди зерин аст» (Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик// Номвожаи тоҷик, таҳияи Шоҳмуҳаммади Ҳайдарӣ. – С.Петербург – Перм, 2015. – С.43.)… Шаклҳои дигари он «бо кайфи «котибон» ё «барои дар вазн ғунҷондан бо хоҳиши шоирон» пайдо шудааст. Дар масъалаи бадалшавии овози «ҷ» ба «з» ӯ ақида дорад, ки он зери таъсири талаффузи туркӣ (тоторҳо «Тоҷиевр»-ро «Тозиев» мегӯянд) пайдо шудааст. Шакли «тожик» аз «тозик» гирифта шудааст ва бештар он дар луғатҳо дида мешавад.

Дар фаслҳои ду ва се «Луғатҳои Шарқ дар бораи калимаи «тоҷик» ва шаклҳои дигари он», «Ба чӣ маъно ва дар кадом мавзқеъҳо кор фармуда шудани калимаи «тоҷик» ва шаклҳои дигари вай дар таълифоти тоҷикӣ-форсӣ» устод Айнӣ аз фарҳангҳои мухталиф намуна оварда, онҳоро шарҳу эзоҳ медиҳад. ӯ асосан ба шарҳҳои ду фарҳанг – «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддини Мустафоободӣ (1827 – соли таълиф) ва «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусейн (Бурҳон ибни Халифи Табрези) (1652-соли таълиф) такя намуда бо далелҳои муътамад хулосаи онҳоро рад мекунад ва тафсири онҳоро беасос «аз мантиқ хеле дур» ва «пойдарҳавои ночаспон» мешуморад. ӯ менависад: ««Тоҷик»-ро бе ҳеҷ шоҳид ва ҳуҷҷат «авлоди араб» гуфтан ё «аксари онҳо савдогар» гуфта ва «гоҳо мурод аз тоҷик савдогар бошад» гуфтан тамоман «варсоқихонӣ» ва суханҳои ҳавоякианд!...

Дар ин мақола робитаи вожаи «тоҷик» бо калимаи «тоҷ» хеле муфассал таҳқиқ шудааст. Устод Айнӣ бо истинод ба фарҳангу луғатномаҳои зиёд собит месозад, ки истилоҳи «тоҷик» ба қавми араб ва истилоҳи «тозӣ» ҳеҷ гуна рабте надорад ва ҳамаи ин маъниҳо ва шаклҳои гуногуни калимаро луғатнависон бештар аз рӯйи шунид ё ба фарҳангҳои дигар такя намуда дар фарҳангҳои худ сабт кардаанд. Сипас таъкид мекунад, ки то ба ҳол дар бораи ин калима пажӯҳиши муфассали забоншиносӣ сурат нагирифтааст: «Калимаи «тоҷик» аз тарафи ягон муаллифи муътабар бо роҳи забоншиносӣ (лингвистӣ) то ҳол таҳлил карда, маънои аслии он баён карда нашудааст ва агар ягон таҳлили маъқуле шуда бошад ҳам, то ҳол ба воситаи адабиёти навишта ба мо нарасидааст...» (Айнӣ С. Маънои калимаи «тоҷик» // Тоҷикон дар қаламрави Ориёно. Гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи Мирзо Шукурзода. - Душанбе, 2009. - С.55.). Баъдан меафзояд:

Инҳо ҳамон халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон буданд, ки чандин аср пеш аз ислом дар ин сарзаминҳо ба тариқи муқимӣ – дар шаҳрҳо ва деҳаҳо ба хонаву ҷой зиндагонӣ карда, ба зироат ва касбҳои дастӣ умргузаронӣ мекарданд, инҳо ҳамон суғдиён буданд, ки дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр, дар канорҳо, водиҳо ва кӯҳҳои Зарафшон ва Бохтариёну Тахориён буданд, ки бо марказияти Балхи қадим дар Хуросон ва Чағониён буданд, ки бо марказияти Тирмиз ва Ҳисори Шодмони имрӯза дар канорҳои рости дарёи Омӯя зиндагонӣ мекарданд». (Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик // Тоҷикон дар қаламрави Ориёно. - Душанбе, 2009. - С. 53-54.)

Академик Б.Ғафуров таъкид мекунад, ки аллакай дар асрҳои 7-8 забони форсии дарӣ дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна, аз ҷумла ҷануби Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми устувор доштааст ва сипас аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ба тадриҷ ҷойи забонҳои шарқи эронии Осиёи Миёна-суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт (7Айнӣ С. «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» // Мунтахаби асарҳои илмӣ, ҷ.1, Айнӣ ва забони адабӣ.- Душанбе, Дониш, 2008.– С.73.).

Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок кардани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик нигаронида шуда буд, ки пойдевори ин мубориза асари безаволи устод Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Махсусан, масъалаҳои пайдоиши ном ва ватани забони мо дар ин асари беҳамто аз тарафи устод Бобоҷон Ғафуров ба назарияҳои илми забоншиносӣ оид ба пайдоиш ва инкишофи забонҳои эронӣ такя намуда, тамоми ҷанбаҳо ва паҳлуҳои гуногуни этногенези тоҷиконро аз оғози пайдоиши қабоили эронӣ, минтақаҳои сукунати онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ёдгориҳои таърихиву забонӣ ва хосатан истифодаи калимаҳо ва истилоҳҳо ба назар гирифта, ақида ва андешаҳои мутлақи худро баён накарда, домани баҳсу андешаро боз нигоҳ медорад. Дар бораи масъалаҳои илмии таҳқиқи таърихи такомул ва ташаккули забони тоҷикӣ ӯ бо такя ба фарзияву тахмин ва андешаҳои Маликушшуаро Баҳор, А. Мирзоев, Е.Э. Бертелс, В.А. Лившитс, Ж. Лазар ва дигарон чунин мегӯяд: Бисёр масъалаҳои муҳими ташакул ва такомули забони тоҷикӣ ҳанӯз мавриди тадқиқи амиқи забоншиносон нашудааст: масалан, ҳоло ҳам масъалаи замон ва макони ташаккули ин забон баҳснок мебошад. (ҒафуровБ.Тоҷикон.Таърихиқадимтарин, қадимваасрҳоимиёна.-Душанбе, 1983. –С.91.)

Ва сипас дар бораи минтақаҳои инкишоф ва паҳншавии забони тоҷикӣ ақидаҳои махсуси забоншиносони даврро оварда дар зимн фикру андешаҳои худро баён менамояд. Махсусан, андешаҳои ӯ дар бораи паҳншавии забони тоҷикӣ ба минтақаҳои Ҷануби Тоҷикистон ва Ҷануби Ӯзбекистон хеле ҷолибанд: Ӯ дар ин бора чунин менависад:

«Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форсӣ аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла, унсурҳои забони портиро ҳазм менамояд ва билохир, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр, лаҳҷаҳои бисёр, лаҳҷаҳои ғарбиэронӣ бо ҳам омезиш меёбанд» (ҒафуровБ.Тоҷикон.Таърихиқадимтарин, қадимваасрҳоимиёна.-Душанбе, 1983. – С. 89.).

Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII-VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, равшан далолат мекунад, ки дар ин давра дар ин ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро «Забони форсии дарӣ» ё худ «забони форсӣ» ҳам номидаанд) ҳарф мезаданд. Мувофиқи маълумоти пурарзиши ал-Ҷаҳшиёрӣ то худи соли 742 (Соли 742 забону хати арабӣ барои коргузории идораи маъмурии Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки маъмуран ба вилояти Хуросон итоат мекард, ҳатмӣ эълон карда шуд.) дар Хуросон хати форсиро кор мефармудаанд (эҳтимол, ин хат дар асоси ҳуруфоти паҳлавӣ тартиб ёфта буд) ва зимнан котибонро муғон меномиданд. Мувофиқи ривояти ал-Муқаффаъ ва Мақдисӣ ҳам чунин бар меояд, ки дар нимаи аввали асри VIII дар Балх забони форсӣ паҳн шуда буд.

Аллакай дар асрҳои VII-VIII мавқеъ ва мақоми ин забон дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна ва, аз ҷумла, дар Ҷануби Тоҷикистон хеле мустаҳкам шуд. Дар ин бора ғайр аз маълумоти ал-Муқаффаъ, ки дар боло зикр шуд, инчунин маълумотҳои зерин шаҳодат медиҳанд: маълумоти Хой Чао дар бораи вуҷуд доштани забони махсуси тахорӣ, маълумоти Табарӣ роҷеъ ба он, ки аҳли Тахористон шикасти арабҳоро масхаракунон ҳаҷвияҳо месуруданд ва ниҳоят маълумоти топонимика. Дар асарҳои олимони асрҳои VIII – X забони тоҷикӣ бо Хуросон, аз ҷумла, бо Балх илҳоқ карда шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ҳамин давра, яъне дар давраи пеш аз истилои араб муҳимтарин хусусиятҳои он забон ташаккул ёфта буд. Сабабҳои гуногуни сиёсӣ, таъқиб карда шудани маданияти маҳаллӣ – ҳамаи носозиҳо пеши роҳи инкишофи минбаъдаи забонҳои суғдӣ ва дигар забонҳои шарқиэрониро гирифта буданд. Дар айни замон дар ин давра кӯчокӯчи мардуми зиёде, ки аксари онҳо ба «забони форсӣ» гап мезаданд, хеле авҷ гирифт.

Забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони Шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ботадриҷ ҷойи забонҳои шарқиэронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ(бохтарӣ)-ро гирифт. Барои илм тафсилоти ин протсесс ва шароити аниқи ҷараёни он торик аст. (ниг.: ҒафуровБ.Тоҷикон.Таърихиқадимтарин, қадимваасрҳоимиёна.-Душанбе, 1983. –С.89-90.)

Тавре ки аз ин иқтибос мебинем, устод дар асоси андешаҳои муҳаққиқони забоншинос номи забони тоҷикиро «забони форсии дарӣ» ва «забони форсӣ» номидааст. Дар ин давра ҳанӯз масъалаҳои номи забони тоҷикӣ то андозае ба андешаи мо бо сабабҳои сиёсӣ мавриди баррасиҳои амиқи илмӣ қарор нагирифта буд ва шояд устод Бобоҷон Ғафуров бо дарназардошти вазъияти сиёсӣ аз изҳори андешаҳои амиқтар худдорӣ мекард. Ҳол он ки дар навиштаҳои худ аз асарҳои туркии «Кутатғу билик» (Дониши Бахтовар). «Луғат-ут-турк» ва «Сафарнома»-и Клавихо ба таври васеъ истифода кардааст ва дар ин асарҳо номи забони тоҷикӣ дар шакли «тожикча» ва кишвари Тоҷикистон бо номи Тахикиния ё Тоҷикия оварда шудааст.

Инчунин, ақидаи забоншиносон дар бораи ватани забони тоҷикӣ, ки дар «Тоҷикон» оварда шудааст ва зоҳиран бо истинод ба ин гуфтаҳои боло устод Бобоҷон Ғафуров низ онҳоро дастгирӣ менамояд, то солҳои 50-уми садаи XX тарафдорони зиёде дошт. Вале баъд аз солҳои 50-ум бо пайдо шудани далелҳои нав ин ақида тағйир ёфт.

Аммо баъдтар ақидаи дигаре дар байни олимон машҳур шуд, ки тибқи он забони форсии дарӣ ва ё форсии нав забони мустақил буда, дар давраҳои пеш аз исломӣ низ дар баробари забони паҳлавӣ вуҷуд доштааст. Барои тасдиқи ин ақида далелҳои зерин оварда шудааст:

Таълифи «Шоҳнома»-и Абӯмансурӣ, тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», «Таърихи Табарӣ», «Ҳудудулолам», «Аҷоибулбулдон» ва ҳамчунон ашъори шоироне чун Абӯшакури Балхӣ, Рӯдакӣ, Кисоӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ ва ҳатто «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки ҳама ба забони фасеҳ ва пухтаи дарии порсӣ навишта шудаанд, гувоҳи он аст, ки ин забон бояд таърихи қадимтаре дошта бошад. Зеро дар давоми ду-се қарн ҳеҷ мумкин нест, ки забон ба ин андоза тараққӣ кунад ва ба ин ҳад пухта ва расо гардад, ки бориктарин андешаҳои шоирона ва мушкилтарин масъалаҳои илмиро баён карда тавонад.

Дувум ин бештари ҷумла ва ибораҳое, ки дар китобҳои арабии ибтидои ислом оварда шудаанд, форсии дарӣ мебошанд ва андаке ба паҳлавӣ.

Дигар ин ки ахбору асноде дар даст ҳаст, ки мутобиқи онҳо забони форсии дарӣ дар машриқ, яъне Хуросону Мовароуннаҳр пайдо шуда ва дар оғози ҳамлаи араб забони оммаи мардум будааст, ҳол он ки мардуми ғарб ва шимоли Эрон дар ин вақт ба паҳлавӣ ё лаҳҷаи наздик ба паҳлавӣ гуфтугӯ мекарданд.

Ин андеша барои донишманди варзида Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ чунон равшан ва собит аст, ки ӯ тааҷҷуб мекунад, ки то ҳол гурӯҳе аз арбоби қалам ғофил мондааст, ки «забони форсии дарӣ забони мустақил ва қадимӣ буда, зуҳур ва истифодаи он лоақал ба оғози даврони Ашконӣ мерасад. Он фарзи беасосе, ки дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва ба нақл аз он китоб дар фарҳангҳо ва дастурномаҳо ва мақолаҳои интишорёфта борҳо такрор шудааст, ки забони форсӣ муштақ аз забони паҳлавӣ ва забони паҳлавӣ аз форсӣ иштиқоқ ёфтааст, дигар имрӯз қобили эътино нест ва касе, ки аз чунин фарзияи беасос пайравӣ кунад, бояд ӯро ҷоҳили бе мабонии аввалияи забоншиносӣ дар мавриди забонҳои эронӣ шумурд» (МуҳаммадМуҳитиТаботабоӣ, Нигаҳбониизабонифорсӣ, маҷ. Яғмо, №10. –Теҳрон, 1349. –С.753.) - менависад ӯ.

Сипас намунаҳои дигаре аз сарчашмаҳо меорад, ки баъзеи онҳоро аз ин асари устод Айнӣ айнан иқтибос меорем:

Дар қисми номаи Отсизи Хоразмшоҳ навишта шудааст:

«…Ман, ки Отсиз ибни Қутбиддин Муҳаммад Хоразмшоҳам, бо мухолиф ва бадхоҳи давлати ӯ аз турку тозик…» (аз маҷмуаи текстҳо, ки Бартолд ҷамъ карда, дар соли 1898 дар Петербург чоп кардааст, с.40 – дар ин мисол ҷойи диққат ин аст, ки чун Отсиз аз туркони қадим буд ва ин савганднома имлои худи ӯст, ин калима ба шакли «тозик» омадааст).

«…Ба сабаби ёғигарии ӯ бисёр муғулу тоҷик нест шуданд…» («Ҷомеъ-ут-таворих», асари Хоҷа Рашидаддини табиб, ки дар соли 718 (1318) кушта шудааст. Маҷмӯаи текстҳои мазкур, с.120).

«Маликаи Аркчӣ аз тозик буд…» («Ҷомеъ-ут-таворих»-и мазкур, аз маҷмӯаи текстҳои мазкур, с. 127).

«Донишманд ҳоҷиб марди тозик буд…» («Мухфир-ул-ансоб», маҷмӯаи текстҳои мазкур, с.159 - дар ин се текст, ки аҳволи давраи муғулон тасвир меёбад, ин калима ба шакли «тозик» навишта шудааст).

«… Он гоҳ бо лашкари бузурги тоҷику турк равон шуд…» (Равзат-ус-сафо, ҷилди 4, с.135 - Сухан дар бораи муҳосира кардани Муҳаммад Хоразмшоҳ шаҳри Ҳиротро меравад).

«…Шаст ҳазор (60 000) нафар тоҷик, ки фарде аз эшон дар баробари Рустаму Исфандиёр рӯинтан (оҳанинтан) буданд, ба муҷиби фармуда рӯй ба таъмири қалъаҳо ва ҳисорҳо ниҳоданд…» (Равзат-ус-сафо, ҷ. 4, с.142 - сухан дар бораи тайёрӣ ба муқобили хавфи ҳуҷуми Чингиз ба Самарқанд меравад – муаллиф дар ин ду текст, ки замони пеш аз истилои муғулонро тасвир мекунад, ин калимаро ба шакли «тоҷик» навиштааст. Аммо дар поинтар, ки аҳволи истилои муғулон тасвир меёбад, ҳамин муаллиф ҳамин калимаро ба шакли «тозик» менависад).

«… Подшоҳ аҳволи мамолики Форсро истифсор намуд, Ҳирқадоқ зону зада гуфт: аввал ҳоли ин тозик (тоҷик)-ро баҳам расонам» (Равзат-ус-сафо, с. 211 – сухан дар бораи ҳокими Луристон Афросиёб меравад. Ҳирқадоқи муғул ӯро, ки аз мамлакати Форс ва ҳокими Луристон буд, «тозик» (тоҷик) гуфтааст – дар ин ҷо ду нукта ҷойи диққат аст. Якум ин ки муғулҳо калимаи «тоҷик»-ро «тозик» мегуфтанд (дар аввали мақола муроҷиат карда шавад); дуввум ин ки дар замони истилои муғулҳо аҳолии Форс, ки марказаш шаҳри Шероз аст ва Луристон, ки як қисм аз мамлакати Форс аст, тоҷик ҳисоб меёфтанд)»

3. Ба маънои забон. Дар иртибот ба масъалаи номи забон масъала каме номуайянтар аст. Имрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегардад.

Бархе ақида доранд, ки гӯё забони тоҷикӣ асос ва заминаи илмӣ ва таърихӣ надорад ва он гӯё барои тақсимбандии забони ягонаи форсӣ ба таври сунъӣ номгузорӣ шудааст. Ин ақида бештар дар байни фарҳангиён ривоҷ дорад ва онҳо гӯё тарафдори ягонагии забони мо бо гунаҳои дигари он дар Афғонистону Эрон мебошанд. Агар баъзеҳо забони тоҷикии моро бештар дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намоянд, дигарҳо ба ягонагӣ ва ваҳдати форсизабонон ва тоҷикзабонони дунё зарба мезананд. Дар байни мардуми мо ва халқҳои Эрону Афғонистон мухолифат меандозанд. Ҳол он ки барои ҳар як равшанфикр каму беш аз таърихи забони мо бохабар маълум аст, ки агар қабилаҳову халқҳои сомиву аврупоӣ бо фарҳангу тамаддуни мо ба воситаи форсиёну форсизабонон ошно шуда забони моро «форсӣ» номида бошанд, халқҳои туркзабону мардуми Чину Ҳиндустон ба воситаи мардуми тоҷик бо фарҳанги мо-ориёиҳо ошно шуда забони моро«тоҷикӣ» хондаанд.

Дар мақолаи «Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!»-и Дориюши Раҷабиён (15.12.2017) гуфта мешавад, ки «Истилоҳи сиёсии «Забони тоҷикӣ» 89 сол бештар умр надорад». Дар шумораи 17 сентябри соли 2014 рӯзномаи «Озодагон» суҳбати рӯ ба рӯйи Сафар Абдуллоҳ, яке аз муҳаққиқони фаъоли фарҳангу адаби тоҷик, таҳти унвони «Забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надошту надорад» чоп шуд, ки дар он ду ақидаи муҳтарам Сафар Абдуллоҳ пешниҳод шудааст, ки яке аз Эрони Ғарбӣ ба Хуросону Суғду Бохтар омадани забони имрӯзаи мо ва дигаре вуҷуд надоштани номи «тоҷикӣ» дар забони мо мебошад.

Ҳаким Майсарии Бухороӣ дар иртибот бо навиштани асари назмии «Донишномаи Майсарӣ», ки ба масъалаҳои тиббӣ бахшида шудааст, дар бораи забони асари худ чунин мегӯяд:

Ва гар тозӣ кунам некӯ набошад,
Ки ҳар касро аз ӯ нирӯ набошад.
Дарӣ гӯям-ш то ҳар кас бидонад,
Ва ҳар кас бар забонаш бар биронад.

(Лазар Ж. Два медицинских трактата Х века на фарси-дари// Рудаки и его эпоха. - Сталинабад, 1958. - С.94-95; Нақли қавл аз: Ғаффор Ашуров. Этноними «тоҷик» дар «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров//Номвожаи тоҷик, таҳияи Шоҳмуҳаммади Ҳайдарӣ. - С.Петербург -Перм, 2015. - С. 382-388.)

Ё муаллифи «Захираи Хоразмшоҳӣ» Саид Исмоили Гургонӣ дар муқаддимаи асараш менависад: «чун бештари кутуби тиббӣ ба забони арабӣ навишта шуда, аз мардуми ин сарзамин (Хоразм дар назар аст. -С.Н.) ҳамагӣ порсизабон мебошанд, аз онҳо баҳра намебаранд. Пас ман барои тақарруб ба дарбори Хоразмшоҳ ва барои хушнудии ӯ ин китобро дар илми пизишкӣ ба забони порсии дарӣ навиштам, то ҳамаи мардуми ин сарзамин, (яъне шаҳристони Хоразм) аз он баҳравар гардида, судманд шаванд». (Нигаред: Ғафур Ашуров. Этноними тоҷик. - С. 383.)

Аз фасоҳат ва устувории забони нахустин китобҳое, ки аз оғози марҳилаи нави забони мо боқӣ мондаанд, Маликушшуаро Баҳор ба чунин хулоса омадааст: «Аз пухтани иборат ва истеҳкоми таркибот ва ширинии лафзу маънӣ пайдост, ки насри қадим парваришёфтаи солиён ва балки қарнҳои дуру дароз аст ва ба маротиб аз китобҳои паҳлавӣ, ки шояд баъзе дар ҳамон қарн таълиф ёфтааст, пухтатар ва ҷомеътар ва аз лиҳози татаввур комилтар аст (Сабкшиносӣ, ҷ.1, с. 22).

Ин далел бори дигар тасдиқ мекунад, ки ҳанӯз дар он давра забони тоҷикӣ аллакай забони инкишофёфтае будааст, ки як шоири бегона дар муддати кӯтоҳ онро хуб омӯхта ва ба он шеър сурудааст, на як забоне будааст дар ҳоли ба вуҷуд омадан. Ё, Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ дар мақолаи худ бо номи «Кори фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ» муътақид аст, ки «забони форсии дарӣ…собиқаи истеъмолии ҳаштсадсолаи пеш аз ислом дорад».

Дар бораи ҷойи забонҳои шарқии Эрони таърихиро гирифтани забони паҳлавӣ ва дар пояи он пайдо шудани забони форсии нав ё тоҷикиву дарӣ бояд гуфт, ки шарқтарин вилояти Сосониҳо Марв ҳисоб мешуд ва Бохтар танҳо ду дафъа, як бор дар асри III ва дафъаи дуюм дар асри V – аниқтараш дар солҳои 563-564 мелодӣ таҳти тасарруфи Сосониён афтода буд. Ва он ҳам бо машварати пинҳонии Сосониёну Ҳоқони Туркони ғарбӣ дар бораи шикаст додани давлати Ҳайтолиён (аз «Шоҳнома» қиссаи набарди хунини шашрӯза ё ҳафтрӯзаи Ҳайтолиён бо роҳбарии Ғотифарро бо туркон дар наздикии Бухоро, чуволи ин матлаб аст ва тақсими ҳудуди онҳо байни Сосониён ва Туркон сурат гирифта буд, ки дар натиҷа тахминан 60-70 сол то ҳуҷуми араб ва шикасти Сосониҳо марзи Эрони сосонӣ ва Ҳоқонигарии Туркони ғарбӣ дарёи Ому қарор гирифт. Суғд умуман дар тасарруфи сосониҳо набуд ва дар тақсимоти ҳудудии ҳарду минтақа байни сосониҳо ва туркҳо он моли туркҳо гардид. Аз ин давра сиккаҳои сосониву кӯшонӣ бо дузабон боқӣ мондаанд. Бохтару Суғд вилоятҳои марказии аввал давлати Кушониён ва сипас Кидориёну Ҳайтолиён буданд ва тавсеаи забони форсии паҳлавӣ ва портӣ (таъсири ин забон дар ташаккули забони тоҷикӣ пажӯҳиши алоҳида талаб мекунад) ба ин минтақаҳо бештар хусусияти фарҳангӣ дошта, аз наздикии забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, паҳлавӣ ва портӣ дарак медиҳанд. Доир ба ин масъала донишманди мумтоз Е.Э. Бертелс мақолаи хубе дорад, бо номи «Форсӣ / дарӣ / тоҷикӣ».

То ҳамлаи араб ва ҳатто баъд аз чандин соли истилои араб дар ин минтақа забонҳои маҳаллӣ ривоҷ доштанд ва забони суғдӣ ҳатто то қарни XI мелодӣ забони ҳам навишторӣ ва ҳам гуфтории деҳоти Суғд буд. Бинобарин ҷойи ин забонҳоро гирифтани забони паҳлавӣ ва табдил ёфтани он ба забони дарӣ бепоя ва бедалел ба назар мерасад.

Ақидаи дигаре, низ вуҷуд дорад, ки бо номи тоҷикӣ забоне вуҷуд надошту надорад.

Номи забон одатан аз номи халқҳои соҳиби ин забон пайдо мешавад. Забони форсӣ ҳам аз номи қабилаҳои ориётабори порсҳо (форс-муарраби порс) гирифта шудааст. Ин қабилаҳо ҳудуди 3-4 ҳазор сол пеш аз сарзаминҳои Осиёи Марказӣ ба Ғарб кӯч баста, дар қарнҳои XII-XI пеш аз мелод дар сарзамини ҳозираи Озарбойҷони Эрон ва як бахши Туркия қарор дошта, аз қисмати Ғарб бо модҳо ҳамсарҳад буданд. Баъд аз ду қарн ин қабилаҳо ба сарзамини ҳозираи худ-вилояти Порси Эрон омада дар он ҷо сокин шуда, халқҳои маҳаллии ин минтақа эломиҳоро оҳиста-оҳиста ба фарҳангу тамаддуни худ ҳамроҳ намуданд. Ин гуфтаҳоро бо далелҳои зерин исбот кардан мумкин аст:

Забони форсии бостон ё забони ориёӣ, ки Дориюши Кабир дар сангнабиштаи Бесутун (наздикии Кирмоншоҳ) забони форсии бостонро ба ҳамин ном номгузорӣ кардааст, ба ақидаи муҳаққиқони забоншинос баъд аз забони авестоӣ дувумин забонест, ки ба забони тоҷикӣ робитаи бевоситаи хешовандӣ дошта, аз лиҳози сохтори овоӣ, дастурӣ ва вожагонӣ падарбузурги забони мо мебошад.

Забони форсии бостон забони мардуми Форс буда, минтақаи васеи ҷанубу ғарбии Эронро дар бар мегирифт. То ба ин минтақа омадани қабилаҳои форс дар ин ҷо эломиҳо зиндагӣ мекарданд, ки забони онҳо ба забонҳои эронӣ ҳеҷ хешовандие надошт. Дар бораи аз кадом минтақа ба ин ҷо омадани форсҳо фарзияҳо вуҷуд дорад, ки фарзияи қобили қабул аз минтақаи Осиёи Миёна омадани онҳо мебошад. Самти омадани ин қабилаҳо низ мавриди мубоҳиса мебошад. Инчунин тахмин мекунанд, ки қабилаҳои эронӣ 2500 сол пеш аз ҳазораи мо аз Осиёи Миёна ба воситаи кӯҳҳои Ҳиндукуш ба қисматҳои шимолии Ҳинд сарозер мешаванд ва наздикии забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ дар намунаи Ведоҳо (асотири муқаддаси ҳиндувон) ва «Авесто» (китоби муқаддаси зардуштиён) шоҳиди ин гуфтаҳост. Тахминан дар ҳамин давра ва то ҳазор сол пеш аз солшумории мелодӣ гурӯҳи дигари қабилаҳои эронӣ аз ду самт-яке ба воситаи минтақаҳои имрӯзаи Сиистон ва дигаре ба воситаи атрофи баҳри Хазар бо кӯҳҳои Қафқоз ба минтақаҳои Озарбойҷони ҳозира (атрофи кӯли Урумия) сарозер мешаванд. Бозёфтҳои таърихии минтақаи Сиистону Мекрон нишон медиҳад, ки подшоҳони дудмони Ҳахоманишӣ дар ин давра дар ин минтақаҳо соҳибмулк буданд. Ин собит месозад, ки дудмони Ҳахоманишиён чанд садсола пеш аз пайдо шудани шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён дар минтақаҳои шарқтари ноҳияҳои марказии Порс ҳукуматҳои маҳаллиро идора мекарданд. Аз тарафи дигар дар ҳамин давра забони Аншан- Порс ориёӣ ё яке аз лаҳҷаҳои форсии бостон будааст.

Аз қисмати кӯҳҳои Қафқоз ва атрофи баҳри Хазар омадани қабилаҳои эронӣ ба қисмати Эронии ғарбӣ низ садсолаҳо идома ёфта дар ин бора шоҳидҳои таърихӣ зиёданд. Махсусан, санадҳои таърихии давлатҳои Байнанаҳрайн ва муносибати онҳо бо қавмҳои эронии ҳаммарзи онҳо ба мо имконият медиҳад, ки ҳаракати қабилаҳои форсро аз наздикии кӯҳи Урумия (Озарбойҷони Эрон) то минтақаҳои Порси имрӯза дар байни дусад то сесад соли то пайдошавии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён бо санадҳои таърихӣ назорат намоем:

1. Маълумоти аввалин аст, ки дар соли 836 то солшумории мелодӣ подшоҳи ошурӣ Салмонассари III аз як вилояти ба ном Парсуаш (Parsuaš) - Порс боҷ гирифтааст. Ин вилоят дар минтақаи ҷанубтари кӯли Урумия мавқеият доштааст. Ин вилоят дар навиштаҳои Халдҳо бо номи Бафшуа (Bafšua) вомехӯрад;

2. Дар соли 743 қабл аз солшумории мелодӣ Тиглатпаласар, подшоҳи дигари ошуриҳо ба муқобилаи қабилаҳои Порс дар минтақаи ҷанубтари кӯҳҳои Загрос ҳуҷум мекунад. Яъне баъди қариб сад сол қабилаҳои порсӣ дар тақрибан наздикии минтақаи будубоши худ қарор доштанд;

3. Дар соли 693 то мелод Сенахариб подшоҳи дигари ошуриҳо ба муқобили Элом ба ҷанг бармехезад, ки Порсҳо ва Аншан (бахше аз Элом) иттифоқчиёни ӯ буданд. Баъд аз тахминан панҷоҳ сол Порсҳо ҳамчун як вилояти алоҳида дар наздикии Аншан (ин минтақа минбаъд маркази Порсҳо мешавад) номбар шудааст;

4. Дар давраи ҳукмронии Ашшурбанипал, шоҳи ошуриҳо Куруши I (писари Чишпиши Ҳахоманиш) шоҳи Порс аввал тобеъ ва иттифоқчии Ошур ва сипас тобеи давлати Мод буд.

Ҳамин тариқ метавон чунин хулоса кард, ки забони ориёӣ (форсии бостон) аз Осиёи Миёна дар ҳазораи аввали пеш аз мелод ба минтақаи Порс ҳамчун як забони алоҳида аз забони модӣ ё баъдан портӣ ё ҳамчун як лаҳҷаи забони умумии ориёии минтақаи паҳновари Эронзамини бостонӣ омада аст.

Минбаъд бо пайдо шудани ду хонадони бузурги шоҳаншоҳӣ- Ҳахоманишиниён ва Сосониён номи ин халқи эронитабор ба минтақаҳои дигар паҳн шуд ва хусусан номи забони форсӣ баъд аз интишори ислом ва футуҳоти араб ба қисмати шарқии Эрон бештар паҳн гардид ва оҳиста-оҳиста ба ҷойи «дарӣ» ва «тоҷикӣ» истифода гардид. Ин ақида, ки забони форсӣ асосан забони вилоятҳои ҷанубу ғарбии Эрон аст, дар тамоми фарҳангҳои муътабари форсии даврони исломӣ бо андаке тағйирот вомехӯрад. Масалан, дар «Бурҳони қотеъ» дар ин бора чунин омадааст: «Ва порсӣ забонеро гӯянд, ки дар вилояти Порс, ки дорулмулки Истахр аст, мардумон бад-он сухан гӯянд». Дар ҳамин ҷо ӯ нисбат ба хусусиятҳои хоси забони дарӣ мефармояд: «Ва дарӣ он аст, ки дар он нуқсоне набувад, ҳамчу абрешум ва испед ва ишкам ва шутур ва бираву бигӯ ва бишнав ва амсоли онҳо. Пас бирешум ва сапед ва шикаму уштур ва раву дав ва гӯву шунав дарӣ набошад».Ҳарду вожа, ҳам «тоҷикӣ» ва ҳам «форсӣ» (дар давраи форси миёна дар шакли «parsig») аз давраҳои бостонӣ (ҳадди ақал аз асри II мелодӣ) мавриди истифода буданд ва аз номи қавму халқҳои ориёнажоди тоҷику форс сарчашма гирифтаанд.

Албатта «форсӣ» ё «форсии дарӣ» номидани забони ҳозираи тоҷикӣ на хилофи ҳақиқати таърихист ва на халале ба истиқлоли кишвари мо мерасонад. Дар ҷаҳони имрӯза мо чандин кишвареро, монанди мамлакатҳои араб мешиносем, ки бо вуҷуди истиқлоли ому том номи забонашон муштарак аст. Ҳанӯз С.Айнӣ навишта буд, ки тоҷикон «халқи форси-забони Осиёи Миёна ва Хуросон мебошанд», ки баъд аз ислом ба онҳо «номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ” дода шуд (Муф. ниг. Айнӣ С. Маънои калимаи тоҷик//Тоҷикон дар қаламрави Ориёно. - Душанбе, 2009. - С.34-62.).

Номи забони тоҷикӣ ҳам ба номи халқи тоҷик ва қавмҳои ориёии ба он наздик алоқаманд буда, таърихи дерина дорад. Бар хилофи қабилаҳои форсӣ ин қавмҳо ба таври доимӣ дар Ватани аслии худ-ду тарафи дарёи Аму боқӣ монданд ва аз рӯи ривояти таърихии мардуми ориёитабор номи худро аз номи яке аз сарқабилаҳои ориёӣ бо номи Тоҷ гирифтаанд ва ҳамвории бузурги имрӯзаи назди баҳри Хазар-дашти Тӯрон дар аҳди қадим дашти Тоҷик ном дошт. Тавре ки номи Арал дар замонҳои пеш бо номи баҳри Вахш машҳур буд. Чанд намуна оид ба тоҷикӣ будани номи забони мо:

1. Дастандаркорон рӯзномаи «Бухорои шариф», ки парчами равшанфикрони Бухорои ибтидои асри XX буд, чӣ касоне бошанд ва дар доми кадомин «мутаҷовизин» афтода бошанд, ки дар шумораи сеюми рӯзномаи «Бухорои шариф» чунин навиштаанд: «Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён ҳозиршуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: «Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст».

2. Сад сол пештар аз чопи матлаби «Бухорои шариф» дар ибтидои асри XIX, аниқтараш дар соли 1813 Миризотуллоҳи Ҳиндӣ дар «Сафарнома»-и хеш оид ба забони тоҷикӣ маълумоте овардааст, ки чунин аст: «Забони Қуқан (яъне Қуқанд-С.Н.) туркӣ мебошад, аҳли шаҳр тоҷикӣ, яъне форсӣ мегӯянд».

3. Намунаи дигар ба оғози даврони исломӣ, ки дар ин давра ба омадани арабҳову маволиҳову дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ истилоҳи «форсӣ» аз вожаҳои «тоҷикӣ» ва «дарӣ» дида бештар ривоҷ пайдо мекунад, иртибот дорад.

Дар сарчашмаи туркӣ-уйғурии«Кутатғубилик» (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоғунӣ навишта шудааст, дар бораи забони тоҷикӣ ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ӯ дар яке аз байтҳои худ чунин менависад: «Ин гуна китобҳои хуб ба арабӣ ва тоҷикӣ кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст» (тарҷумаи таҳтуллафз). Муҳаққиқи рус А.Н. Кононов ин байтро шарҳ дода менависад, ки ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ китобҳо зиёданд, вале ба забони мо (яъне ба туркӣ) ин гуна китобҳо вуҷуд надорад, чунин маънӣ дорад, ки дар байни туркҳо баъд аз қабули ислом (охири асри VIII ва аввали асри IX) истифодаи асарҳои буддоӣ ва монавӣ ба забони туркӣ ё фаромӯшшуда буданд ё таҳти назорати сахт қарор дошта истифодаи онҳо қатъиян мамнӯъ буд. Тавре ки маълум аст, уйғурҳо дар асри V мелод дини монавиро қабул карда буданд, ки он таъсири бевоситаи халқҳои эрониро ба туркҳо нишон медиҳад. Аз ин хотир қабилаҳои дигари туркӣ уйғурҳоро «тот», яъне тоҷик меномиданд.

4. Намунаи дигар ба сарчашмаҳои тибетӣ марбут аст. Дар Тибет дар маъхазҳои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехӯрад, ки гӯё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Муҳаққиқони русзабони таърихи бостонии Тибет Б.И. Кузнетсов ва Л.Н. Гумилёв истифодаи ин калимаро ба маънои кишвари Эрон ва эрониҳо дониста тарзи навишти гуногуни калимаи тоҷикро овардаанд (Stag-grig, rta-mjig, atag—bzni, rtag-gzigs, tazig ва ғайра). Л.Н. Гумилёв дар асари худ «Величие и падение древнего Тибета» (Сууд ва суқути Тибети қадим) менависад, ки «Священная книга Бон была написана Шэнрабмибона языке тагзики переведена на другие языки». Яъне «Китоби муқаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайғомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.- С.Н.) ба забони тагзик (тоҷикӣ) навишта шуда, сипас ба забонҳои дигар тарҷума шудааст».

5. Дар яке аз нусхаҳои хаттии монавӣ-портӣ (нусхаи хаттии шумораи 339 м., ин нусха дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад), кашфшуда аз Турфон, ки марбут ба қарни ҳашти мелод мебошад, номи забони тоҷикӣ дар ибораи par tazigane awak - «ба забони тоҷикӣ», ё айнан «ба овои тоҷикона» омадааст. Дар ин нусхаи кӯчак омадааст, ки роҳибони монавӣ дар вақти ибодат ба забони тоҷикӣ ниёиш мекарданд.

Дар бораи ин нусхаи хаттӣ, ки аз рӯйи гуфтаи баъзеҳо, аз ҷумла Дориюши Раҷабиён «як матни суғдии монавист, ки ба соли 1000 мелодӣ бармегардад» гуфтанӣ ҳастем, ки ин матн ба забони портӣ аст, на ба забони суғдӣ. Инчунин ин матн ба садаи VIII мелодӣ дахл дорад, ки дар ин давра забони портӣ аз истифода баромада буд ва забони тоҷикӣ ба ҷойи ин забон истифода мегардид ва ҷойи тардид ва шакку шубҳа дар бораи қаробату наздикии забони портӣ ва забони тоҷикӣ (ҳар ду аз гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ) дар байни пажӯҳишгарони эроншинос вуҷуд надорад. Дар ин бора таваҷҷуҳ шавад ба нуқтаи назари донишмандон: «Донишманди олмонӣ оқои Вернар Сундермон дар пушти яке аз нусхаҳои хаттии монавӣ – портӣ (нусхаи хатти шумораи М 339, ин нусха дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад), ки марбути қарни ҳаштуми мелодӣ аст, номи тоҷиконро дар ҷумлаи «par tāžīgānēāwāk», яъне «ба овози тожигона» (ба овози тожигӣ) кашф кард, ки бо ҳарфи «ж» ва «г» мебошад.

Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон – “забони тоҷикӣ” ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо-Тоҷикистон мебошад.

Дар бораи ин нусха таъкид менамоем, ки бо сабаби аҳамияти баланди илмӣ доштан нависандаи ин сатрҳо бо устод Д.Саймиддинов (равонашон шод бод) дар соли 2010 ба Академияи илмҳои Олмон рафта ин нусхаро бо чашми сар дидем ва аз он аксбардорӣ кардем. Дар ҳақиқат дар асоси гуфтаҳои муҳаққиқони олмонӣ ин нусха ба забони портӣ навишта шудааст ва мутааллиқ ба садаи VIII мебошад.

Ин ибора, яъне «par tāžīgāne āwāk» дар ин нусха бо ранги норинҷӣ дар сатри ҳафтум омадааст. Худи матн бо ранги сиёҳ навишта шуда, аз 17 сатр иборат буда, аз сатри 11 то сатри 17 қисман хароб шуда аз байн рафтааст.

Ба ақидаи Зандерман ин вожа дар муқобили вожаи «parsig» -форсии миёна ва «al-fahlaviya» (забони портӣ ё паҳлавӣ – забоне, ки дар панҷ минтақа: Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Маҳи Наҳованд ва Озарбойҷон бо он гуфтугӯ мекарданд) барои шахсони исломовардаи эроние тааллуқ мегирад, ки ба забони форсии нав ё забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекарданд ва мақсад аз ибораи «bar tājikāna āvāk» бо лаҳни тоҷикӣ ё бо форсии нав суҳбат ё қироат кардан аст.

Ин донишманди олмонӣ дар мақолаи худ бо номи «Як гувоҳии бостонӣ дар бораи номи тоҷик» (1993) як нусхаи хаттии матни монавиро хонда, тафсир карда ба кашфиёти бузурге ноил шудааст. Матни он нусха роҳнамоӣ ва ҳидояте барои монавиён дар иҷрои дуо ва ниёиши дини монавӣ аст, ки дар он гӯё вожаи «тоҷик» ба маънои «монавиён» ва «забони дини монавӣ» истифода шудааст. Барои мо дар ин матн ибораи «par tāžigānе āwak» муҳим аст, ки маънои «ба забони тоҷикӣ» (қироат мекарданд)-ро дорад.

Назарзода С., д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

 

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet