31 Aug 2023
Submitted by Admin
300

Соли 2023 ҷомеаи илмию фарҳангии Тоҷикистон 100-солагии адиб ва олими маъруф, доктори илми филология, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Раҷаб Амоновро ҷашн мегирад. Академик Раҷаб Амонов дар байни чеҳраҳои бузург ва муътабари кишварамон мақоми арзанда дорад. Роҳи тайкарда ва зиндагии пандомӯзи устод Р.Амонов намунаи ибрат барои насли имрӯз ва фардои Тоҷикистон мебошад.

Устод Раҷаб Амоновро ман ҳанӯз аз давраи мактабхониам медонистам. Мо аз китоби дарсии устод Раҷаб Амонов «Забони модарӣ» таълим мегирифтем. Бори нахуст ман устодро соли 1961, вақте ки ҳамроҳи падарам ба дидорбинии бародарам ба Душанбе омадем, дида будам. Падарам устодро хуб мешинохт. Онҳо дар як кӯчаи Ӯротеппа (Истаравшан) иқомат доштанд. Амакам Мирбобо Баротов ҳам дар бораи устод ба ман суханҳои нек гуфта буд. Амакам дар соли 1938 дар мактаби маҳви бесаводӣ дарс мехонд ва муаллимаш устод Раҷаб Амонов буданд, ҳарчанд синну соли амакам аз устод хеле калон буд.

Зиндагии устоди арҷманд, академик Р.Амонов аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз аст. Устод 01.08.1923 дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омаданд. Соли 1938 омӯзишгоҳи муаллимиро хатм карда, ба сифати муаллим дар мактаб ба кор шуруъ намуданд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) иштирок карданд. Соли 1947 институти омӯзгориро ба анҷом расониданд ва аз соли 1948 то охири умр дар Академияи илмҳои Тоҷикистон кор карданд.

Устод Раҷаб Амонов яке аз поягузорони илми филологияи тоҷик, аз муҳаққиқони барҷаста ва созмондиҳандагони бомаҳорати ҷустуҷӯҳои илмӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Саҳми эшон дар бунёди фолклоршиносӣ ва рушди адабиётшиносии тоҷик бузург арзёбӣ мешавад.

Устод Раҷаб Амонов ба фаъолияти илмӣ аз соли 1948, ҳангоми дар аспирантураи ФТ АИ ИҶШС таҳсил карданашон таҳти роҳбарии шарқшиноси машҳур, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ Е.Э.Бертелс (1890-1957) шуруъ намуда буданд.

Устод соли 1953 рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Соли 1958 сарварии шуъбаи навтаъсиси фолклори Институти забон ва адабиётро, ки кори гирдоварӣ ва нашру таҳқиқоти осори шифоҳии мардуми тоҷикро оғоз карда буд, ба зимма гирифтанд.

Устод Раҷаб Амонов дар тули бештар аз 40 соли фаъолият дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ зиёда аз 30 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ, аз ҷумла «Очерки эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб» (1963), «Лирикаи халқи тоҷик» (1968), маҷмуи мақолаҳои «Каломи бадеии халқ ва замон» (1971), «Таърихи адабиёти бачагонаи тоҷик» (1981) ва ғ., дар ҳудуди 250 мақола ва тақриз дар мавзуъҳои муҳим, ки бо таҳлилу баррасиҳои асосноку методологӣ фаро гирифта шудаанд, ба табъ расонидаанд.

Аз соли 1952 сар карда, устод дар навиштан ва ба чоп расонидани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ширкат варзиданд. Устод Раҷаб Амонов муаллифи «Китоби хониш»-и синфи 3 (1951-1979), «Адабиёти ватан» (бо ҳаммуаллифии М.Шукуров) барои синфи 6 (1953-1979) мебошанд. Бо ҳамкории профессор В. Асрорӣ китоби дарсии «Эҷодиёти шифоии халқ» барои мактабҳои олии ҷумҳуриро таълиф намуданд.

Устод маҷмуаҳои фолклории зеринро ба табъ расонидаанд: «Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб» (1956-1963), «Чистонҳо» (1957 дар ҳамкорӣ бо Я.Калонтаров), «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1957), «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ» (1958, 1963 бо ҳамкории М.Шукуров), «Афсонаҳои тоҷикӣ», Москва, 1960, Душанбе, 1963; 1975; 1980) ва ғ., ҳамчунин асари таҳиякардаи устод «Афсонаҳои халқи тоҷик» ба забонҳои олмонӣ (Берлин 1950, Вена 1962), англисӣ (Берлин 1960), маҷорӣ (Будапешт, 1970) тарҷума ва ба нашр расидааст.

Очеркҳои илмӣ-бадеии «Аз пайи дурдонаҳои эҷодиёти халқ» (1963), повести «Беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1977), «Афсонаҳои сеҳазорсола» таҳти унвони «Амударё дар пиёла» ба забони русӣ (дар маҷаллаи “Помир”, 1973 ва дар нашриёти “Ирфон”, 1977), асарҳои бадеии “Шарораҳои меҳр” (1983), “Қиссаҳои сари кӯҳи баланд” (1990), “Пушаймонӣ” (1993), “Қиссаҳои диёри чашмасор” (1995), “Арӯс ва ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя” (1996), “Ишқи найнавоз” (1996) ба қалами устод Раҷаб Амонов таълиф шудаанд.

Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Раҷаб Амонов китоби чилҷилдаи фолклори тоҷик, ки барои фолклоршиносии ҷаҳон низ арзишманд аст, таҳия ва мураттаб гардидааст. Бояд таъкид кард, ки ин асар аз тарафи олимони хориҷӣ ва кишварамон сазовори баҳои баланд гардид.

Фонди илмии фолклори тоҷик ва каталогҳои он, ки таҳти роҳбарии бевоситаи устод ташкил шудааст, бо равияи навини фолклоршиносии шуравӣ ва байналмилалӣ, яъне бо усули таҳлили миқдорӣ баррасӣ намудани маводи филологӣ асос ёфтааст. Ин усул дар фолклоршиносии байналмилалӣ маъруф буда, он ҳамчунин дар фолклоршиносии давлатҳои ҳамсоя низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Мактаби фолклоршиносии академик Раҷаб Амонов дар дохил ва хориҷи кишвар аз тарафи аҳли илм эътироф шудааст.

Ман бо устод Раҷаб Амонов аз наздик соли 1995, вақте ки маро президенти Академияи илмҳо интихоб карданд, шинос шудам. Аз вохӯрию мулоқот бо устод, ки созмондиҳандаи мактаби фолклоршиносӣ буданд, ҳамеша шод мешудам. Академик Р.Амонов гуфтаниҳо ва гапҳои калонро дӯст намедоштанд, дар бораи одамон ва ҳамкорони худ ҳеҷ гоҳ бадгӯие намекарданд. Устод ба қаҳрамониҳои меҳнатӣ даъват намекарданд, тимсоли қаҳрамонӣ – тамоми ҳаёти он кас буд, ки иборат аз хидмат кардан ба илм мебошад. Устод Р.Амонов ватандӯсти ҳақиқие буданд, ки идеалҳои хешро бо таъсири шароиту дигаргуниҳои сиёсӣ дигар намекарданд. Устод ҳамеша машғули эҷод буданд. Қобилияти меҳнатдӯстиашон ҳарчанд ба саломатияшон таъсири манфӣ мерасонд, вале бо тарзи дигар кор карданро намедонистанд.

Имрӯз ҳифз кардани мероси илмии устоди муҳтарам Р.Амонов, интихоби роҳҳои наздики рушди фолклоршиносӣ ва даст ёфтан ба муваффақиятҳои нав бисёр муҳим аст. Аз суҳбату мулоқотҳо бо Р.Амонов дарёфтам, ки он кас ҳисси баланди масъулиятшиносӣ доштанд.

Академик Р.Амонов, чун олим ва ватанпарасти асил ҳатто дар замоне, ки ибрози ақидаҳои шахсӣ хатарнок буд, мавқеъ ва боварии худро комилан ҳифз намуданд. Махсусан, дар соли 1992, ки бисёриҳо ақидаҳояшонро тағйир доданд, он кас дар саҳифаҳои матбуот сохти конститутсионии кишварро нотарсона муҳофизат карданд. Устод ба ақидаҳои худ содиқ монда, ҳамроҳ бо дигар шахсони ҳақиқатҷӯй дар ҳалли масоили муҳимми ҷомеа ширкат меварзиданд.

Устод Раҷаб Амонов шахси ҳаматарафа пешрафта буданд, дорои як қатор хусусиятҳо, аз ҷумла ақлу заковати фитрӣ, феълу хӯи қавӣ, қудрати анҷом додани корҳои фавқулода, вазифашиносӣ, фурутанӣ ва амсоли инҳо буданд. Чун шахси ҳалиму хоксор ба одамони ваъдабозу гапфурӯши соҳаи илм нафрат доштанд. Р.Амонов ба илм содиқ буда, ба рушди он тамоми ҳаёти худро бахшиданд. Устод воқеан инсони бузург ва олиму мутафаккир буданд. Сифатҳои волои ахлоқию равонии он кас ба шогирдону ҳамкорон низ бетаъсир намонда буд ва барои ҳамин ҳам одамоне, ки бо устод якҷо кор мекарданд, фидоии соҳаи хеш ба шумор рафта, қарзи инсонию виҷдонии худро содиқона адо мекарданд.

Тақдир ба ман имкон дод, ки бо як зумра олимони муътабари кишварамон кор кунам. Гоҳе ба назари ман тавре менамояд, ки гӯё бисёре аз онҳо одамони оянда, аз даврони дигар будаанд. Дар байни онҳо албатта устод Р.Амонов низ ҳастанд. Устод дар хусуси даврони мушкили истиқрори истиқлолият маводи зиёде дар даст доштанд. Солҳои охир мехостанд онҳоро ҷамъбаст намоянд. Ҳар гоҳе ки устод Раҷаб Амоновро ба хотир меоварам, табъам болида мегардад. Ҳангоми даргузашти устод Р.Амонов ва пас аз он борҳо шунидаам, ки дар бораи устод мегуфтанд, ки воқеан шахси аз ҳар ҷиҳат нотакрор буданд. Бовар дорам, ки шогирдон ва пайравони академик Р.Амонов корҳои нотамоми он касро ҷамъбаст намуда, ба нашр мерасонанд.

Олими маъруф Д.И.Менделеев гуфта буд: “Хидматгузорӣ ба илм дар шахс хоксориеро, ки бо суботкорӣ тавъам аст, тарбия намуда, ӯро аз кибру ғурур ва андешаҳои ғалат, ки ӯро пойбанд намудаанд, барҳазар медорад”. Ҳаёти дурахшони устод Р.Амонов ба ин гуфтаҳо комилан мувофиқат мекунад.

Заҳматҳои академик Р.Амонов бо ҷоизаҳои давлатӣ қадр шудааст: “Ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, медалҳои “Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Барои меҳнати шоиста”, ордени “Дӯстӣ” ва ғ. Устод дорандаи “Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Сино”,“Ҷоизаи ба номи С.Айнӣ, “Арбоби илми Тоҷикистон” ва ғайра мебошанд.

Дар паёми табрикотии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 75-солагии Р.Амонов омадааст: «Эҳсоси баланди ватандӯстие, ки дар қалби Шумо ҳанӯз аз даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки худ иштирокчии он будед, зоҳир гардида, дар рӯзҳои сахти кишварамон ҳидоятгари асосии фаъолияти илмию ҷамъиятии Шумо қарор гирифта, Шуморо дар сафи муборизони истиқрори сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва муътадил гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ гузошт. Чанд соле Шумо дар таҳияи барномаи ваҳдати миллӣ, ки натиҷааш мураттаб сохтани асноди муҳими Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гардид, кӯмак кардед».

«Ҳар қадар дастовардҳои олим бузург бошад, ҳамон қадар зикри онҳо осон аст», - гуфта буд П.Л.Капитса. Комёбиҳои илмии устод Р.Амонов дар рушди фолклоршиносии кишварамон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Таҳқиқоти он кас дар фолклоршиносӣ ва рушди ин соҳаи илми филология дар кишвар, бешубҳа мавқеи муҳиммеро ишғол кардааст.

Устод Р. Амонов бо дониши амиқу фарох дар илми филология шуҳрат ёфтанд. Гумон мекунам, ки яке аз сабабҳои заковати фавқулодаи устод ба ҷуз қобилияти фикрӣ, мунтазам гузаронидани экспедитсияҳои фолклорӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мебошад.

Эҳсос мекунам, ки дар фаъолияти аксари кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ нақшу услуби кори устод Р.Амонов аён аст. Накӯкорӣ ва некназарии устод дар хотири бисёр шогирдон ва пайравон нақш бастааст. Устод Р.Амоновро дар аксари мактабҳои илми фолклоршиносӣ мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Бовар дорам, ки таъсири кору фаъолияти чунин инсони комил дар қалби насли имрӯзу фардои Академия боқӣ хоҳад монд. Солҳо мегузаранд ва таваҷҷуҳ ба эҷодиёти Р.Амонов боз ҳам афзунтар мегардад.

Академик Р.Амонов таъкид мекарданд, ки илм на танҳо пешрафти ҷамъиятро муайян мекунад, балки ба инкишофи фарҳанг мусоидат менамояд. Илм ҷузъи пайвастаи фарҳанг мебошад ва барои ғанӣ гардонидани ҳаёти маънавии ҷамъият хизмат менамояд. Дар ин росто роҳи зиндагии худи академик Раҷаб Амонов мисоли равшан аст. Мероси гаронбаҳои илмии устод барои пешравии илми тоҷик хизмат намуда, Раҷаб Амонов ҳамеша чун устоди илм ва шахсе, ки умри пурсамар ба сар бурдаанд, боқӣ мемонанд.

Раҷаб Амонов донишманди асил ва инсони хушмуомилаву хушрафторе буданд, ки натанҳо дар бахши фолклор ва адабиётшиносӣ, балки дар бораи пешрафти забон мавқеи худро доштанд. Устод инсони ҳақиқатгӯйу ҳақиқатҷӯй буданд ва ба ҳама муносибати ягонаи хоксорона доштанд. Барои муттаҳидии ҳамкорон пайваста кӯшиш ба харҷ медоданд. Дар корҳои дастаҷамъӣ ҳамеша ҳамроҳи кормандон буданд.

Номи он кас зиндаву ҷовид аст. Академик Р.Амонов халқи худро бениҳоят дӯст медоштанд. Соли 1989 дар баробари қабул шудани Қонуни забон устод масъалаи тартиб додани фарҳанги нави тоҷикӣ-русиро ба миён гузошта, барои тайёр намудани ҷилдҳои ин фарҳанг кӯмак расонидаанд. Барои устод Р.Амонов мафҳуми Ватан муқаддас ва азиз буд, мафҳумҳои хоки аҷдодӣ, ҷанбаҳои генетикии одам, эҳтироми забони модарӣ аҳаммияти хосса доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: “Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд”. Ба ин баҳои сазовор соҳиб гардидан аз тарафи Сарвари давлат ифтихори бузурги олимони мо мебошад, ки дар он саҳму нақши устод Раҷаб Амонов низ хеле назаррас аст.

Дар маҷмуъ, ҳақиқати зиндагию рӯзгори ибратомӯзи устоди зиндаёд Раҷаб Амоновро бо байти зерини Саъдии бузург метавон хулосаву натиҷагирӣ кард:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

МИРСАИДОВ У.М., академик,

Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet